Мэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистан Эмомали Рахмон

Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” сохта мешавад

655
(Таҷдидшуда 12:29 04.09.2019)
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” дар пойтахти кишвар оғози расмӣ бахшид ва бо лоиҳаи иншоот ошно гардид

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тавре манбаъ қайд намудааст, меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” аз ҷониби ҶДММ “Рушди Осиё” дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳром Ашӯрматов сохта мешавад.

Проект новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Проект новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER

“Соҳибкор Баҳром Ашӯрматов ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади мусоидат ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки меҳмонхонаи замонавии панҷситорадорро бо сифати баланд ва тарҳи муосир сохта, ба истифода диҳад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ зикр намудааст, ки меҳмонхонаи 16-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ сохта хоҳад шуд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ бо имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмон дар як вақт сохта мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи меҳмонхона ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксар масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншоот аз истеҳсолоти худи ҷамъияти “Рушди Осиё” дастрас ва истифода хоҳад шуд, ки дорои сифати баланд мебошанд.

655
Барчаспҳо:
сохтмон, Душанбе, оғози кор, меҳмонхона, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, Тоҷикистон
Люди в городе Душанбе

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

19
(Таҷдидшуда 16:12 05.08.2020)
Агентии обуҳавошиносӣ: Моҳи август дар Тоҷикистон гармии ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи пешгӯии Ожонси ҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи август ҳарорати ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар аст.

Дар ин давра ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа баланд аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 25+29 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 21+24 дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

"Давоми моҳ ҳарорати ҳаво шабона 16+21  ва дар рӯзҳои алоҳида то +25 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат тағйир ёфта, аз 32+37 то 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 41+43 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Миқдори моҳонаи бориш дар вилояти Хатлон аз меъёр кам пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0,1-1,9 мм  ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2-4 мм-ро ташкил медиҳад.

Дар ин минтақа аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ  ба амал меояд. Шамол дар рӯзҳои алоҳида аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд тибқи меъёри иқлимӣ  ва дар водиҳо 1 дараҷа  баланд пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо 25+27 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 23+24 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона аз 17+22 то 24+29 дараҷа мерасад.

Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар баъзе ноҳияҳо кам буда, дар водиҳо 1-2мм,  дар доманакӯҳҳо ва кӯҳӣ 3-4мм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-14мм пешбинӣ шудааст. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар ин давра ҳаво шабона аз 10+15 то +18 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз 23+28 то 30+35 дараҷа мерасад. Дар ноҳияи Дарвоз то +38 дараҷа  гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Нимаи дуюми моҳ боридани борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Дар шарқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа  паст шуда, 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар ин вилоят  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11+16 то 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ шуда, 5-17 мм-ро ташкил медиҳад.

19
Барчаспҳо:
гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Руки в наручниках, архивное фото

Мо устои бомпӯш: се ҷавон ба хонаи зани 72-сола даромада, ӯро заданду дасту пояшро бастанд

26
(Таҷдидшуда 16:37 05.08.2020)
Се ҷавони аз 24 то 33-сола худро устои бомпӯш муаррифӣ карда, ба хонаи як зани оҷиза ворид шуда, аввал латукӯб кардаанд, сипас дасту пояшро бо рӯймол баста, хонаашро ғорат кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Се ҷавон як зани 72-соларо лутукӯб карда, ғорат карданд, гузориш медиҳад РВКД Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, онҳо худро устои бомпӯши хона муаррифӣ намуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Роҳила Дадабоеваи 72-сола, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе ворид гардидаанд.

Онҳо соҳибхоназанро зери латукӯб қарор дода, маблағҳои зиёди пулиашро рабудаанд, афзудааст манбаъ.

 

Милисаҳои Душанбе муайян кардаанд, ки ҷавонони муттаҳам ба ин амали ноҷавонмардона Холиқов Абдухолиқ Абдураҳимовичи 33-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Савдои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, қаблан 3 маротиба бо ҷурмҳои гуногун суд шудааст; Исоев Фаромарз Азамшоевичи 33-сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Лоиқов Муҳаммадшоҳ Хайруллоевичи 24-сола, с, сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

"Муттаҳамон ба тариқи ошкоро ба манзили истиқоматии пиразани 72-сола ворид шуда, ӯро зери латукӯб қарор дода, ҳамзамон бо рӯймол дасту пояшро бастаанд. Баъд аз бастану таҳдид намудани пиразан гумонбарон ашёи манзили истиқоматиро парешон намуда, маблағҳои пулии ҷабрдидаро рабудаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

8 соли зиндон ба сокини Ҳисор баъди бозгашт ба ватан: дар Русия таҷовузу дуздӣ кард

Ҳодиса 10 июли соли равон рух дода, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ин 3 нафар бо моддаи 249-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

 

26