Дар шаҳри Хоруғ маркази тиббии "Шифо", ки бо пули соҳибкори маҳаллӣ сохта шуд, ифтитоҳ ёфт

© акс аз сомонаи ҳукумати ВМКБИфтитоҳи маркази тибии "Шифо" дар ВМКБ
Ифтитоҳи маркази тибии Шифо дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази тиббии мазкур аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Ватаншоева Шифо сохта шуда дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Маркази тиббии тозабунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ин вилоят.

Рабочий на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар деҳаи Навободи ВМКБ толори варзишӣ месозад

Ба иттилои манбаъ, дар расми кушодашавии Маркази тиббии "Шифо" муовини сарвазири Тоҷикистон  Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов иштирок намуданд.

Паёми раиси ВМКБ ба Соҳиба Давлатшоева, Мамадбеков ва Мирмамадов

Қобили зикр аст, ки Зокирзода феълан бо сафари корӣ дар Бадахшон қарор дорад ва дар маросими ба истифода додани чандин иншоот иштирок намуд.

Маркази тиббии "Шифо" бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ватаншоева Шифо маблағгузорӣ шуда, дар арафаи 28 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Гузашта аз ин муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба кормандони муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон техникаи роҳсозиро дар маросими тантанавӣ супориданд.

Сармеъмори Хоруғ роҳи таъмини аҳолӣ бо манзилро бунёди бисёрошёнаҳо гуфт

Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода қайд намуданд, ки ин тӯҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ба мардуми ВМКБ  мебошад.

Лентаи хабарҳо
0