Зери назари вазир: нахустин "Таърихи низомии Тоҷикистон" нашр шуд

© PixabayКитоб, акс аз бойгонӣ
Китоб, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоби нави "Таърихи низомии Тоҷикистон" ("Военная история Таджикистана") таърихи низомии Тоҷикистонро аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо бозгӯ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар остонаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нахустин таърихи муфассали низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд бо номи "Таърихи низомии Тоҷикистон" ("Военная история Таджикистана")  навишта ва нашр шуд.

Дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии ин китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, коршиносон, низомиён ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". 

Муаллифони ин китоби пурарзиш Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов мебошанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Дангаре - Sputnik Тоҷикистон
Аз тахрибкории аҷнабиён то танга бо акси шоҳ: дастур барои таҳқиқи таърихи Пушинг

Манбаъ мегӯяд, муаллифон кӯшидаанд таърихи пайдоиши артишро аз қадим то ба имрӯз ба риштаи тасвир кашанд.

Барои навиштани ин асари пажӯҳишӣ онҳо аз ҳар сарчашмаи хаттии дастрас истифода кардаанд ва талош намудаанд, дар китоб шуруъ аз аввалин нишонаҳои пайдоиши артиш то ба имрӯзро бо далоили таърихӣ ба тасвир диҳанд.

Китоб зери назари вазири дифоъи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар нашриёти "Хуросон"-и шаҳри Хуҷанд интишор ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки  дирӯз ин китоб дар толори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ширкат ва раёсати муовини вазири дифоъ генерал-майор Асрор Латифӣ низ муаррифӣ  гардид.

Ба нақли яке аз муаллифони китоб – Илҳои Бониёзов, то имрӯз таърихи низомии кишвар дар илми таърихнигорӣ ба таври комил омӯхта нашуда буд. Ягона кори илмии пурарзиш дар ин мавзуъ китоби "Военная история Таджикистана"-и доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Русия Назаршо Назаршоев маҳсуб меёфт, ки ду бор – солҳои 2002 ва 2009 нашр шуда буд ва таърихи мухтасари низомии Тоҷикистонро  асосан дар асри 20 дарбар мегирифт.

Китоби нави "Таърихи низомии Тоҷикистон" ("Военная история Таджикистана") таърихи низомии Тоҷикистонро аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо бозгӯ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0