Пыльная буря в Душанбе

Сард мешавад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

717
(Таҷдидшуда 10:26 07.09.2019)
Аз  9  то 10  сентябр дар ҷумҳурӣ  ҳаво якбора номусоид  мешавад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, ин рӯзҳо паст шудани ҳарорати ҳаво то 7-9 дараҷа дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба истиснои ВМКБ чангу ғубор мефарояд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзна 14+19  дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона  18+23  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 30+32  дараҷа гарм мешавад.

717
Барчаспҳо:
номусоид, ҳаво, Душанбе, Суғд, Хатлон, ВМКБ, Тоҷикистон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

107
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

107
Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

570
(Таҷдидшуда 20:04 05.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7625  нафар баробар гардид.

"То санаи  5 август  дар мамлакат  6399 (83,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

570
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, омор, тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон