Праздник дыни в Худжанде

Маълум шуд, ки бузургтарин тарбуз ва харбуза дар кадом минтақаи Тоҷикистон мерӯяд

478
(Таҷдидшуда 16:27 08.09.2019)
Барои  парвариши калонтарин харбуза дар ҳаҷми 20 кг  ба хоҷагии деҳқонии Бекободи ноҳияи Конибодом ва  калонтарин  тарбуз дар ҳаҷми 20 кг ба хоҷагии деҳқонии Муслими ноҳияи Мастчоҳ ҷойи аввал дода шуд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Имрӯз бахшида ба  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Маҷмааи савдои "Меҳргон"-и пойтахт  бо иштироки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ  Иди харбузаю тарбуз ва асал  доир гардид, хабар медиҳад агентии Ховар.

Праздник дыни в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бар хабари манбаъ, дар намоиш-фурӯши мазкур   кишоварзони  вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни харбузаву тарбуз ва  маҳсулоти аз он  омодагардидаро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Намоиш –фурӯши  мазкур аз  рӯи 4 номинатсия – "Беҳтарин хоҷагии харбуза ва тарбузпарварӣ", "Беҳтарин дастурхони маҳсулоти аз харбуза ва тарбуз омодашуда", "Беҳтарин гӯшаи маслиҳатдиҳӣ барои кишоварзон" ва "Калонтарин харбуза ва тарбуз" баргузор гардид.

Ҷой аввал барои  иштироки фаъолона дар иди мазкур ба  деҳқонони ноҳияи Ашт дода шуд.

Дар пойтахт Иди тарбузу харбуза баргузор мегардад

Барои  парвариши калонтарин харбуза дар ҳаҷми 20 кг  ба хоҷагии деҳқонии Бекободи ноҳияи Конибодом ва  калонтарин  тарбуз дар ҳаҷми 20 кг ба хоҷагии деҳқонии Муслими ноҳияи Мастчоҳ ҷойи аввал дода шуд. 

478
Барчаспҳо:
Иди харбуза ва асал, Тоҷикистон