Рабочий визит Эмомали Рахмона в Горно-Матчинский район

Дар Муъминобод Боғи фароғатӣ бо майдони нишону парчами давлатӣ сохта мешавад

194
(Таҷдидшуда 23:45 10.09.2019)
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод Президенти Тоҷикистон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳия Меҳмонхонаи “Муъминобод”-ро ифтитоҳ карду, ба оғози сохтмони Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузошт

ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон имрӯз зимни сафари корӣ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳия Муъминобод меҳмонхонаи “Муъминобод”-ро ифтитоҳ кард.

Бино бар иттилои манбаъ, меҳмонхонаи “Муъминобод” аз ҷониби соҳибкор маҳалӣ Идихон Сафаров бунёд шудааст.

Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури таъкид намудааст, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Муъминобод саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихиаш метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар мамлакат афзоиш диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дар ҳамин ҷо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти кишвар барои 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор дастархони идона ороста, ба кӯдакон аз номи Президенти Тоҷикистон туҳфаҳо супорида шуд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузошт.

Манбаъ таъкид намудааст, ки боғи  мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.

Иншооти мазкур давоми ду сол бунёд карда хоҳад шуд. Дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизмтрасонӣ сохта хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки  Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд намоянд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд.

Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Муъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Масъулин ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Муъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи ин марказҳо ба 10 адад расидааст.

Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия дар маҷмӯъ 85 намуди ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешаванд. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар ҷавондухтаронро ба ин курсҳо фаро гиранд ва дар эҳёю рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳм гузоранд.

Тибқи маълумот, давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Муъминобод ташриф овардаанд.

194
Барчаспҳо:
иншоот, ифтитоҳ, ноҳияи Муъминобод, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Сборщицы хлопка

Дар Суғд мусобиқаҳои меҳнатии маъракаи пахтачинӣ 1 октябр ҷамъбаст мегардад

0
(Таҷдидшуда 12:31 20.09.2020)
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябри соли равон сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар вилоят бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоят бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ Ситоди махсуси вилоятии “Ҳосил-2020” фаъолият мекунад.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳамзамон, тибқи нақшаи Ситоди вилоятии “Ҳосил-2020”, ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат мегирад.

“Давраҳои минбаъдаи он ҳар 20-рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят парчами шараф барафрохта мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.

Инчунин, ба ҳайати ситоди вилоятӣ масъулини ниҳодҳои марбута шомил буда,​ раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қайд карда шудааст, ҳамчунин миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шаванд.

0
Барчаспҳо:
Суғд, мусобиқа, пахтачинӣ, пахта, Тоҷикистон
Женщины - руководители в Хатлонской области

Шумори заноне, ки дар вилояти Хатлон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, дақиқ шуд

10
(Таҷдидшуда 13:09 20.09.2020)
Дар вилояти Хатлон занону духтарони лаёқатманд 21 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатиро ба дӯш доранд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, шумораи занҳои роҳбар дар вилояти Хатлон тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.

“Имрӯз аз ҳисоби онҳо 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 тан вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Шумораи бонувони коргар дар вилоят ба 196 ҳазору 858 нафар мерасад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.

Инчунин, дар 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 19 нафар занон ба ҳайси раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 50 нафар муовинони раисони ҷамоатҳо ва 31 нафар ҳамчун котиби ҷамоатҳои шаҳру деҳот фаъолият доранд.

Ҳамзамон, ҳузури бонувон дар соҳаҳои маориф 23 ҳазору 144 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 717 нафар, фарҳанг 761 нафар, соҳибкорзанон 17 ҳазору 541 нафар, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 7 ҳазору 475 нафар, сохтмон ва меъморӣ 466 нафар, саноат 2 ҳазору 633 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1 ҳазору 176 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи бонкӣ 38 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

10
Барчаспҳо:
вазифа, занони раҳбар, раҳбар, занон, Хатлон, Тоҷикистон