Рахмон на совещании в Согдийской области

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ

857
(Таҷдидшуда 16:57 10.09.2019)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Муъминобод гуфт, ки бо истифода аз фурсат мехоҳад, як масъалаи муҳимро ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мӯъминобод хотирнишон намояд.

"Мувофиқи пешгӯии мутахассисон зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд", ҳушдор дод раисиҷумҳур.

Эмомалӣ раҳмон гуфт, бинобар ин, бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳимми мамлакат, махсусан, муассисаҳои маорифу тандурустӣ зарур аст, ки роҳбарони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз имрӯз сар карда, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, доир ба захираи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фаъолияти муназзами шабакаҳои барқӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, инчунин, захираи дусолаи маҳсулоти озуқа дар ҳар як оила чораҷӯӣ намоянд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, соли 1991 дар ноҳияи Муъминобод 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ амал мекард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 16 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар ин давра баробари афзоиши аҳолӣ шумораи хонандагон низ зиёд гардида, соли хониши 2018-2019 қариб ба 20 ҳазор нафар расидааст.

раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, имрӯз дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 3 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки андешидани тадбирҳои заруриро барои бунёди чунин муассисаҳо тақозо менамояд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои таъмири бинои мактабҳои рақами 5, 7, 9, 37 ва 54, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дастур дод.

857
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ, ноҳияи Муъминобод, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (220)