Раҳмон ба боғдорон гуфт, бо машварати олимон кор кунанд

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба боғпарварону хоҷагидорони ноҳияи Муъминобод маслиҳат додааст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳамаи талаботи агротехникиро сари вақт иҷро кунанд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии "Аминҷон"-и деҳоти “Деҳибаланд” боздид намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва кормандони ҶДММ "Махсуми Карим" ошно шудааст.

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки хоҷагии мазкур соли 1998 таъсис ёфта, масоҳати заминҳояш ба 4,5 гектар баробар аст.

Рахмон на совещании в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз зимистони сард ва тӯлонӣ

Аз ин ҳисоб дар 3,25 гектар зироаткорӣ ва дар 1,25 гектари боқимонда боғ бунёд шудааст. Боғи Хоҷагии деҳқонии "Аминҷон" соли 2010 таъсис ёфта, онро деҳқони асилу таҷрибадор Бегаҳмад Одинаев роҳбарӣ мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла голден, крепсон, самаренко, старкрипсон, қосимсаркорӣ, ҳамчунин нок ва гелосу зардолу парвариш карда мешаванд. Аз ин боғ ҳам меваи тару тоза ва ҳам меваи хушк ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда мешавад. Боғдорон ба хотири самаровар гардонидани дарахтон, аз роҳу усулҳои муосир истифода бурда, сари вақт байни қаторҳоро нарм мекунанд ва дар як сол 2-3 маротиба ба дарахтон доруҳои минералӣ медиҳанд.

ҶДММ "Махсуми Карим" дар ҳамин боғ фаъолияташро ба роҳ монда, ба тайёр кардани меваҳои хушк машғул мебошад.

Кормандони ҷамъият на танҳо меваҳоро аз ин боғ, балки аз 4 ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои хушк кардан қабул мекунанд.

"Дар маҷмӯъ дар боғи "Аминҷон"-и ноҳияи Муъминобод ва ҶДММ "Махсуми Карим" зиёда аз 120 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъминанд", - омадааст дар хабарнома.

Эмомали Рахмон в Бальджувонском районе Хатлонской области сдал в эксплуатацию автомобильную дорогу Кангурт — Бальджувон — Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба таҷдиду сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод ҳусни оғоз бахшид

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, меваи хушк аз ин ноҳия асосан ба вилояти Суғд содирот мегардад.

Ба иттилои масъулон, ҳамасола дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 100 тонна меваи хушк барои содирот омода карда мешавад.

Сафари корӣ ба Муъминобод идома дорад: Раҳмон се иншооти нав ифтитоҳ кард

Баъд аз ошноӣ бо фаъолияти боғи "Аминҷон” ва ҶДММ "Махсуми Карим" Эмомалӣ Раҳмон ба боғпарварону хоҷагидорон маслиҳат додааст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳамаи талаботи агротехникиро сари вақт, мутобиқ ба меъёрҳо ва бо машварату тавсияи олимон анҷом дода, барои афзун намудани меваи хушки содиротӣ талоши бештар кунанд, зеро риояи ин талабот асоси муваффақияти кишоварзон мебошад.

Баъд аз Роғун ва тантанаҳои ҷашнӣ дар пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод рафт

Лентаи хабарҳо
0