Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: кӯчаҳои пойтахт боз ҳам обод ва сабзу хуррам мегарданд

549
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳо дар бораи шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 тасдиқ гардид

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо  мақсади  ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва  майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт ба имзо расидааст.

 Дар қарори мазкур омадааст, ки  корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар  атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту  буттаҳо,  гулҳои мавсимӣ ва  бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро  вазифадор намуд, ки   барои сари вақт иҷро намудани  чорабиниҳои  мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои ободониву сабзазоркуниро   бо сифати баланд  ва мутобиқ  ба замони  муосир  анҷом  диҳанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шудааст.

549
Барчаспҳо:
қарори Рустам, қарор, раиси шаҳр, раиси шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

76
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1424 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

76
День 25 мая

Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 18:13 24.05.2020)
Рӯзи 25 май Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл, Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта буда дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология, дар Олмон — Рӯзи падар, дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон ва Рӯзи озодкунии Африқо мебошад

Рӯзи 25 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1946 Англия истиқлолияти худро аз Иордания эълон кард.

Соли 1953 дар Хюстон  (штати Техас) аввалин шабакаи телевизионии омӯзишии ғайритиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Соли 1956 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС барои шахсони аз 16 то 18-сола, дар 1 рӯз 6 соати корӣ муқаррар шуд.

Соли 1962 дар шаҳри Киев (Украина) ҳафтаи адабиёти тоҷик оғоз гардид.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва-пойтахти Федератсияи Русия як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расиданд, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду кишвар замина гузоштанд.

День 24 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1993 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистону Чин нуқтаи назоратии Қулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Покистону Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 май

  • Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл.
  • Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта.
  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология.
  • Дар Германия — Рӯзи падар.
  • Дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон.
  • Рӯзи озодкунии Африқо.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Самариддин Асозода (1972)- журналист.

Акрам Асроров (1936) – физикдон, профессор.

Суннатулло Бобохоҷаев (1929 – 2004) – доктори илми геологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Абдуҳофиз Бобоҷонов (1953) – доктори илмҳои физикаю математика.

Олуболу Боқиев (1934 – 2001) – доктори илми таърих, профессор.

 Амалхонум Гачиева (1947)- мутарҷим (аз тоҷикӣ ба русӣ).

 Тоҳирҷон Қурбонов (1953)- доктори илми иқтисод, профессор.

 Имомиддин Раҳимӣ (1956) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Амон Раҷабов (1942) – шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Баҳодур Сабуров (1944 – 2001) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Александр Тихонович (1898-1977)- доктори илми тиб, профессор.

Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ (1949-2011) – шоир, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Файзулло Улмасов (1952) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳабибуллои Бекмуҳаммад (1948)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сафо Ҳалимӣ (1933)- нависанда.

Абдуҳамид Ҷалилов (1926) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хусрав Шанбезода (1956) – доктори илми филологӣ, профессор.

Сулаймон Эрматов (1946)- нависандаи узбекзабон.

60
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон