Богиня правосудия Фемида

Масъулин норасоии шумори адвокатҳоро меомӯзанд

97
(Таҷдидшуда 17:30 11.09.2019)
Масъулони Раёсати адлия дар Суғд таъкид намуданд, ки аз набудани адвокат дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Шаҳристон хабар доранд ва ин масъаларо дар ҳоли ҳозир, мавриди омӯзиш қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Зимнан ба иттилоъи Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар ин се ноҳияи умдатан кӯҳистонии Суғд, ягон адвокат аз ҳисоби сокинон ба қайд гирифта  нашудааст. Ба далели набудани адвокат дар ин ноҳияҳо, сокинон дар вақти зарурат ва ҳалли баҳсҳои додгоҳӣ адвокатҳоро аз ноҳияҳои дигар даъват мекунанд.

Абдурашид Абдуазизиён, сармуттахассиси шӯъбаи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Раёсати адлияи Суғд гуфт, ҳарчанд вазифаи онҳо, танҳо ба қайд гирифтани мурҷиати шаҳрвандон, барои дарёфти мақоми адвокатӣ аст, аммо масъалаи норасоии адвокат дар ноҳияҳои дурдасти Суғдро  меомӯзанд.

“Мо адвокатҳоро маҷбур карда наметавонем, ки дар ин ё он ноҳия фаъолияти адвокатиашро ба роҳ монанд. Мо набудани ягон адвокат дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Шаҳристон ро меомӯзем ва барои таъмин шудани ин ноҳияҳо бо вакилони дифоъ кӯшиш мекунем ”, - афзуд Абдуазизиён.

Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруфи тоҷик даргузашт

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, чанде пештар гуфта буд, ба ҷуз ин се ноҳияи Суғд, ноҳияҳои Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод и тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Балҷувону Ховалинг дар  вилояти  Хатлон ва ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим дар вилояти  Кӯҳистони Бадахшон, аз зумраи шаҳру ноҳияҳое будаанд, ки дар онҳо фаъолияти ягон адвокат ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон,  моҳи марти соли 2015, Қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ро қабул кард ва тибқи он комиссияи вижа дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд фаъолияти  шаҳрвандонро, барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ имтиҳон мекунад.

Аммо масъулини Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон иброз намуданд, ки қабули ҳамчунин Қонун дар бораи адвокатҳо як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ намуд ва ин ҳол ба камбуди теъдоди адвокатҳо боис шуд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли чаҳор сол 2015-2019, ба наздики 800 мақоми адвокатӣ додааст.

Коршиносону соҳибназарон мегуянд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, барои як миллион аҳолӣ, набояд 1000 адвокат фаъолият барад.

97
Барчаспҳо:
Айнӣ, адвокат, вакили дифоъ, Суғд, Тоҷикистон