Асфальтоукладчик, архивное фото

Аҳмадзода ба корҳои таъмиру навсозии роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Бӯстон оғоз бахшид

67
(Таҷдидшуда 21:01 16.09.2019)
Мақомоти вилояти Суғд аз оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат, Камоли Ҳуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Синои ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон хабар додааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба мумфаршкунии роҳи чанд кӯча дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон оғоз бахшид.

Соҳибкор бо пули худаш 6 километри роҳи ноҳияи Ҳамадониро мумфарш кард

Раиси вилоят қабл аз оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат мулоқоти судманд намуда, аз раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар вилоят ёдовар шуд.

Раиси вилоят таъкид намудааст, ки роҳи кӯчаҳои Ваҳдат, Камоли Ҳуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Палос ба масоҳати 11000м3 мумфарш карда мешавад.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаи Мунзифа Ғаффороваро мумфарш мекунанд

Барои мумфаршкунии 1,4 км роҳи кӯчаҳои зикршуда аз буҷети Мақомоти вилоят маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст ва роҳсозони ширкати “Таҷроуд” мумфаршкуниро анҷом хоҳанд дод.

67
Барчаспҳо:
кӯчаҳо, Бӯстон, ш. Бӯстон, мумфарш, мумфаршкунии роҳ, Суғд, Тоҷикистон
График на бирже, архивное фото

Холиқзода гуфт,  ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чи омилҳо монеа мешаванд

19
(Таҷдидшуда 17:52 05.07.2020)
Рушди иқтисодии Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст, гуфт директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолик Холиқзода

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Коҳиши иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020 ба рушди иқтисодии Тоҷикистон халал мерасонад, гуфт Абулхолиқ Холиқзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар сущбат бо “Ховар”.

“Мушоҳида мегардад, ки бо пайдоиш ва шуруъи бемории сироятии СOVID – 19 дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бинобар таъсироти манфии он ба коҳишёбии маҳсулнокии фаъолият дар натиҷаи беморшавӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашуда дар корхонаҳои саноатӣ, маҷмуан паст гардидани даромаднокӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар паёмади муваққатан ва ё пурра аз даст додани фаъолнокии корӣ оварда расонид”,- гуфтааст ӯ.

Бо ишора ба пешгӯии таҳлилгарон, Холиқзода қайд кард, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон боиси кам шудани 30-40% сармоягузорӣ мегардад.

Директори марказ диққатро ба он ҷалб кард, ки якчанд омилҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард

“Ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон таназзули иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020, пӯшидани сарҳадҳо, сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин ба сифати шарикони асосӣ, кам шудани содироти молҳои ватанӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои хориҷӣ ва даромади хонаводаҳо, бефаъолӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сайёҳӣ, кам гардидани савдо ва сайёҳон таъсиргузор хоҳанд буд”,-зикр кард ӯ .

19
Рустам Эмомали председатель города Душанбе

Қарори Рустами Эмомалӣ: баррасии усули нави барқрасонӣ аз сӯи "Авесто гуруҳ" дар Душанбе

230
(Таҷдидшуда 17:20 05.07.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор рӯзи 15 июл дар пойтахт ҷаласаи вакилони шаҳрро даъват кардааст, ки дар он роҳандозии низоми нави таъминоти барқ баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, гузаштан ба низоми биллингӣ аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласа дар Душанбе хоҳад буд.

“Яке аз масъалаҳо дар бораи рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака мебошад”, - хабар дод манбаъ.

Низоми биллингӣ  дар Душанбе, ки дар назар барқ тариқи пешпардохт таъмин шавад, бо харҷи наздики 900 миллион сомонӣ дар пойтахт амалӣ мегардад.

Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи “Авесто гуруҳ”, ки роҳандозии низоми автоматии назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳри Душанбе бо харҷи наздики 880 миллион сомониро ба уҳда гирифтаст, қаблан гуфт, насби ҳисобкунакҳо ройгон сурат хоҳад гирифт.

Дар доираи низоми биллингии таҳиякардаи ширкати “Авесто гуруҳ” танҳо дар ноҳияи Сино насби 95 ҳазор дона ҳисобкунак бо харҷи умумии 340 миллион сомонӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ дар Душанбе насби 250 ҳазор ҳисобкунак пешбинӣ шуда, арзиши умумии лоиҳа 880 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

Барои татбиқи низоми биллингӣ, ки барқ тариқи пешпардохт ироа мешавад, Ҳукумат созишнома бо Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати корхонаҳои “Авесто Гурӯҳ”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”-ро имзо карда, Маҷлиси намояндагон аввали соли равон ба тасвиб расонд.

Дилрабо Мансурӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон изҳор дошта буд, ки “Авесто Гурӯҳ” вазъи низоми энергетикии Душанберо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ омӯхта, барои татбиқи низоми биллингии миллӣ иқдом гирифтааст.  

Ӯ иттилоъ  дод, “Авесто гуруҳ” азм дорад, бо ҷалби 88 миллион доллари худӣ низоми назорату ҳисоби пули барқро дар Душанбе пурра автоматӣ кунад.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар модели пешгирифтаи “Авесто гуруҳ” дар назар гирифта шудааст, ки ҳар сол муштариёни барқ се дарсад ва нархи барқ 5 дарсад афзоиш меёбад. Ин ширкат ният дорад, талафоти неруи барқро дар шабакаҳои пойтахт то 12 дарсад коҳиш диҳаду ҷамъоварии пули барқи истифодашударо дар сатҳи 99 дарсад таъмин созад.

230
Барчаспҳо:
барқ, Тоҷикистон
Врач в клинике

Омори ноҳияи Ашт: 74 шифоёфтаву 4 фавт аз 82 гирифтори “илтиҳоби шуш”

0
(Таҷдидшуда 19:28 05.07.2020)
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории “илтиҳоби шуш” ба Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Таҳмина Мисробӣ, масъули матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт, аз сафари Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода, ёвари Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ин ноҳия хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, Ҳикматуллозода, рӯзи 4-уми июл ба ноҳияи Ашт сафар карда, бо нишондодҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия шинос шудааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, ба ёрдамчии Президент дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия гузориш додааст.

“Аз санаи 29 апрели соли равон то имрӯз ба беморхонаи марказии ноҳия бо ташхиси илтиҳоби шуш 82 нафар сокинони ноҳия бистарӣ шуда, 74 нафар сиҳат ёфтанд. 4 нафар сокинони ноҳия (аз ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Понғоз) аз ин беморӣ фавтидаанд. Айни ҳол дар беморхона 4 нафар табобат гирифта истодаанд”, - иттилоъ додааст Ҷалилӣ.

Ноиби раиси Ашт таъкид намудааст, ки дар ноҳияи Ашт, дар маҷмӯъ барои табобати беморони сироятӣ 110 кат омода шудааст ва ҳамаи сохторҳои тандурустии ноҳия бо маводи безараргардонӣ, либоси худмуҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар маводи зарурии беҳдоштӣ таъмин мебошанд.

Ёрдамчии Президент вазъи эпидемиологии ноҳияро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, аммо таъкид кардааст, ки набояд аз ин вазъ қонеъ шуд, балки ба ҳама гуна пешомадҳо омода бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 4-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6159 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
фавт, бемор, Тоҷикистон