Камеры видеонаблюдения на дорогах Душанбе. Архивное фото

ВКД рӯйхати нави ронандагони ҷаримагурезро нашр кард

705
(Таҷдидшуда 16:52 17.09.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар ронандаи ҶДММ Талко Персия  бо худрави "Хундай Элантра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст.

Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 42 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Қонуншиканӣ кам мешавад? пас аз шикояти мардуми Хоруғ БДА чароғакҳоро нав кард

"Тойота Камри", ки низ ба ҶДММ "Талко Персия", тааллуқ дорад, 25 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар ҷои сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Опел Астра", ки муттаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе Иноятова Мунира мебошад, номбар шудааст.

Ин ронанда 22 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Қонуншикании Имомалӣ ва ҷаримагурезии Дилбар: ВУД рӯйхат нашр кард

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 16 сентябр, рӯйхати 15 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

705
Барчаспҳо:
ҷаримагурезӣ, қонуншиканӣ, нашри рӯйхати ронандагон, Душанбе, Тоҷикистон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

98
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

98
Пробирки с кровью для анализа на covid-19

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

550
(Таҷдидшуда 20:04 05.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7625  нафар баробар гардид.

"То санаи  5 август  дар мамлакат  6399 (83,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Ин ниҳод даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

550
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, омор, тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:42 05.08.2020)
Рӯзи шашуми август Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ» ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ. буда, дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан дар Аргентина Рӯзи кӯдакон ва дар Боливия ва Ямайка Рӯзи истиқлолият мебошад

Рӯзи 6 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи «Савой» кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Соли 1945  америкоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофтанд.

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 1991 пайдоши аввалин интернет-сервис WWW (World Wide Web).

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

День 4 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2001 бо қарори Суди олӣ фаъолияти ҳизби сиёсии “Адолатхоҳ” қатъ гардид.

Соли 2003 баъд аз танаффуси дусола Тоҷикистон ба Қазоқистон дубора барқ дод.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд дод.

Ҷашнҳои рӯзи 6 август

  • Рӯзи байналхалқии «табибон барои сулҳ».
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ.
  • Рӯзи кӯдакон дар Аргентина.
  • Рӯзи истиқлолияти Боливия ва Ямайка.

Рӯзи 6 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аюб Раҳим (1951) – шоир.

екзода Хушбахт (1945)- нависанда.

Дамир Дўстмуҳаммадов (1941 – 2003) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Имомназари Холназар (1952 – 2007) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Виталий Колберг (1913-1989)- доктори илми тиб, профессор.

Нуриддини Амриддин (1956) – шоир.

Толиб Муинов (1932 – 2000) – доктори илмҳои физикаю математика.

Манзура Улҷабоева (1953) – рассом – ороишгар.

Абдураҳмон Ҳакимов (1940) – доктори илми иқтисод, профессор.

Юлдош Ҳоҷибоев (1945) – доктори илми химия.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон