Город Душанбе, архивное фото

Ба Душанбе унвони пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 дода шуд

120
(Таҷдидшуда 18:59 18.09.2019)
Дар 34 - умин ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Душанбе унвони пойтахти фарҳангӣ дар соли 2021 дода шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  мешавад. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви  ИДМ, ки дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид,  хабар дода шуд.

Бояд зикр намуд,ки  мақоми 2Пойтахти фарҳангии ИДМ" ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст. 

Ҳамзамон Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2021-ро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли меъморию шаҳрсозӣ эълон кардааст.

Душанбе метавонад пойтахти фарҳангии кишварҳои ҳамсуд шавад

Ёдовар мешавем, ки Барномаи байнидавлатии "Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ" соли 2011, ки соли мероси таърихию фарҳангии ИДМ эълон гардида буд, таҳия ва қабул шудааст. Ҳадафи он – рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидсозии зарфиятҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Бо қарорҳои дахлдори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ соли 2012 шаҳри Остона  ва шаҳри Марв , соли 2013 шаҳрҳои  Габалаи Озарбойҷон, Гумрии Арманистон ва Могилёви Беларус, соли 2014 Алмаато ва Ӯш , соли 2015 шаҳрҳои Воронежи Россия ва Кӯлоби Тоҷикистон,  соли 2016 шаҳри  Тошҳавзи Туркманистон, соли 2017 шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, соли 2018 шаҳри Ҳориси Арманистон, соли 2019 шаҳри Брести Белорус ва соли 2020 шаҳри Чимкенти Қазоқистон Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидаанд.

120
Барчаспҳо:
супоридани шаҳодатномаи пойтахти фарҳангии ИДМ, Душанбе
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

2255
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

2255
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

616
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

616
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон