Эмомали Рахмон открыл строительство нового городка Сомониён в Файзабадском районе

Манучеҳр Каримзода дар ноҳияи Файзобод шаҳраки замонавии "Сомониён" месозад - акс

446
(Таҷдидшуда 17:41 20.09.2019)
Барои бунёди шаҳраки замонавӣ 30 гектар замин ҷудо шуда, ин ҷо барои 65 оила манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ сохта мешава

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Файзобод, Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди шаҳраки “Сомониён” санги асос гузошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Президент бо тарҳи лоиҳаи сохтмони шаҳраки муосир шинос шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “МК Иншоот” Манучеҳр Каримзода амалӣ мегардад.

Дар ин ҷо майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, мактаб барои хонандагони лаёқатманд бо 520 ҷой дар ду баст, боғчаи кӯдакона барои 200 нафар, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ, гулгашт, ҳавзҳои шиноварӣ, идораҳои маъмурӣ, маркази ҷамъиятии маҳаллӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ, инчунин дигар иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд.

Аз рӯи иттилои соҳибкорон дар рафти сохтмони шаҳраки нав беш аз 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Макет нового городка Сомониён в Файзабадском районе
Макет нового "городка Сомониён" в Файзабадском районе

Барои бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва дар асоси нақшаи генералии ноҳияи Файзобод бунёд кардани шаҳрак, лоиҳа аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лоиҳасозони ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудааст.

Дар ҷараёни бунёди иншооти шаҳраки Сомониён соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дастаҷамъона камари ҳиммат мебанданд.

Амалӣ шудани лоиҳаи бунёди шаҳраки Сомониён дар солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин иқдом аст, зеро ин тадбир барои ободонии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Макет нового городка Сомониён в Файзабадском районе
Макет нового "городка Сомониён" в Файзабадском районе

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ оғоз гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди ошноӣ бо тарҳи лоиҳа ва гузоштани санги асос ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи татбиқи ин ҳадаф барору комёбӣ орзу кардааст.

446
Барчаспҳо:
шаҳраксозӣ, шаҳрак, Файзобод, Тоҷикистон
Новая эстакада в Душанбе

Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

16
Ронандаи 30 - сола, ки воситаи нақлиёташро бо суръати баланд меронд, нахуст ба монеасанги канори роҳ ва сипас ба поясутуни симчӯб бархӯрда автомашинаашро чаппа кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохили дар шаҳри Душанбе, навор аз як садамаи нақлиётӣ дар эстакадаи пойтахтро шарҳ дод. Навори мазкур чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди баҳси корбарон қарор гирифт.

Зимнан, кормандони пулис ронандаи автомашинаеро, ки пас аз бархӯрдан ба монеасанги канори роҳ ва поясутуни симчӯб чаппа шуда буд, дастгир намуданд.

Дастгиршуда Оев Қосими 30 - сола, сокини шаҳри Душанбе буда, санаи 13-уми август, тақрибан соатҳои 15:00 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Н.Махсум ба тарафи кӯчаи Б.Ғафуров дар рӯ ба рӯи истгоҳи воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеасанги (бардюр) канори роҳ ва сипас ба бетони поясутуни симчӯб бархӯрда, автомашинаи худро чаппагардон кард.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, дар садамаи мазкур касе осеби ҷиддӣ надид.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки  ронанда бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ худравашро бо суръати ниҳоят баланд идора мекард, ки дар натиҷа ба садама дучор шуд.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ дар ин самт ҷараён дорад.

16
Преступник за решеткой

Аз манзилу мошину бӯстонсаро то 4 зану 10 фарзанд: чигуна Эшон Ли Хо Фуро фиреб дод: видео

36
(Таҷдидшуда 18:14 14.08.2020)
Эшонқул Зоиров,  аз ҳисоби маблағҳои шарики чинияш барои худ шаш мошини хориҷӣ бо арзиши 190 ҳазор доллар, чорвои хурд, 15 ҳазор доллар аспи бузӣ, 25 ҳазор доллар мебел, ва беш аз ним миллион доллари дигарашро дар Душанбею Варзобу Данғара манлилу бӯстонсаро харидааст.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Эшонқул Зоиров, мулаққаб ба Эшон сокини Данғара хабар медиҳадд, барои қаллобӣ ба маблағи наздики 2 миллион доллар муттаҳам мешавад.

Тибқи гузориши телевизионии ВКД Эшонқул Зоиров соли 2017 бо шаҳрванди Чин Ли Хо Фу шинос шуда, якҷоя ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ)-и истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистону Хитойро таъсис дода, худашро раҳбару шарикашро муовин кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Зоиров бо роҳи фиреб ба боварии Ли Хо Фу даромада, ба ӯ ваъда медиҳад, ки иҷозатномаи истихроҷи тилло ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои заруриро аз ҳукумати Тоҷикистон мегирад.

Ӯ тайи солҳо 2017 то моҳи майи 2020 аз шаҳрванди Чин 1 миллиону 602 ҳазору 927 доллар гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.

Дар гузориши видеоӣ худи ҷабрдида Ли Хо Фу низ гуфт сар аз соли 2017 Эшон бо баҳонаи гирифтани иҷозатномаи барои коркарди кони тилло аз ӯ беш аз 1миллиону 600 ҳазор доллар гирифт, аммо то ҳануз онро нагирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз ҳисоби маблағҳои шарики чинияш барои худ шаш мошини хориҷии гароннарх бо арзиши беш аз 190 ҳазор доллар, 8,5 ҳазо доллар чорвои хурд, 15 ҳазор доллар аспи бузӣ, 25 ҳазор доллар мебел, ва беш аз ним миллион доллари дигарашро дар Душанбею Варзобу Данғара манлилу бӯстонсаро харидааст.

Зоиров Эшонқул баъди оне аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Лахш боздошт мешавад, ки бо мақсади тарсондани шаҳрвандони Хитой ва барнагардондани маблағҳои гирифтааш санаи 8 майи соли 2020 ҳангоми дар деҳаи Қандоби ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш қарор доштанаш аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ ба тарафи Ву Ли Гуа ва шаҳрванди Қирғизистон Баги Эдир аз милтиқи шикории ду маротиба тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа Ву Ли Гуа зарари ҷисмонӣ бардоштааст, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, замони баррасии парвандаи ӯ маъмурини пулис панҷ ҳолати дигари фиребкориҳояшро ошкор кардаанд.

ВУД мегӯяд, Зоиров Эшонқул бо баҳонаи тиҷорати муштарак аз Тоҷиддинов Амонхӯҷа, сокини Исфара 10 ҳазор доллар аз Ибрагимов Илҳомҷон сокини Хуҷанд, барои ҳуҷҷатгузории замини мағоза 12 ҳазор доллар гирифта, ҷои замини мағоза аз Қирғизистон як сар аспи бузкашӣ барои худ харидааст.

Боздоштшуда ҳамчунин аз Мирзоҳотам Абдуҳакимович, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ тунука гирифта, моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии сокини Душанбе Давлатов Фахриддин даромада, ба маблағи 213 ҳазор сомонӣ ва 41 ҳазор доллар ва аз сокини Ёвон Кенҷаев Қурбон 86 ҳазор доллар пули ангишт гирифта ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Вазорат мегӯяд Зоиров дар умум беш аз  1,6 миллион доллар ба шаҳрвандони чинӣ ва 180 ҳазор доллар шаҳрвандони Тоҷикистон зарари молӣ расондааст.

Худро корманди Кумитаи замин мегуфт: боздошти 2 нафар ба иттиҳоми қаллобӣ

Эшонқул Зоиров сар аз соли 2014 то моҳи майи соли ҷорӣ  ба ғайр аз ҳамсари қонунияш 4 занро тариқи мусалмонӣ ба никоҳи худ даровардааст, ки дутои он шаҳрвандониҚирғизистону Чин ва дигарон шаҳрвандони Тоҷикистон буда аз онҳо, соҳиби 10 фарзанд мебошад, афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд Алайҳи Зоиров Эшонқул бо ду моддаи 237 (авбошӣ) ва 247 (қаллобӣ) парванда оғоз шуда, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

36