Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан

Чаро ба раиси ноҳияи Шаҳритуз 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ доданд

397
(Таҷдидшуда 12:36 22.09.2019)
Дар вилояти Хатлон бо мақсади қадрдонии пахтакорони пешқадами вилоят мусобиқа роҳандозӣ шуда буд ва дар марҳилаи аввал пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз ғолиб омаданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории tajikistantaimes дар шаҳри Бохтар даври якуми мусобиқаи меҳнатии 15 – рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли равон натиҷагирӣ шуд.

Ин мусобиқа  бо мақсади қадршиносӣ кардани пахтакорони пешқадами вилоят роҳандозӣ гардида, ҳар 15 рӯз ҷамъбаст карда мешавад.

“Пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз дар даври аввали мавсими пахтачинӣ ғолиб шуда, ба раиси ин ноҳия аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Кишоварзони шаҳри Бохтар мақоми дуюми мусобиқаро сазовор гардида, 10 ҳазор сомонӣ ва деҳқонони шаҳри Левакант бо гирифтани ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд. Барзгарони ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Қубодиён бо ҷамъоварии босуръати ҳосили пахта пешқадамони ин мусобиқа ҳисобида шуданд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Тавре раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зикр намудааст, хоҷагиҳои пахтакори вилоят то 16-уми сентябри соли равон ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабул беш аз 44 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 16,2 дарсади дурнамои имсоларо ташкил медиҳад.

Ба хотири тезонидани суръати чиниш ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон гардид.

Ин пешниҳоди раиси вилояти Хатлон рӯзи 16-уми ноябр дар Рӯзи Президент ҷамъбаст гардида, ба раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳое, ки дурнамои солонаи пахтаро пурра иҷро мекунанд, мошинҳои сабукрав тақдим карда мешавад.

397
Барчаспҳо:
мукофотпулӣ, Хатлон, Шаҳритуз, пахтачинӣ, пахта, Тоҷикистон