Арест, архивное фото

Боздошти мақомдорони Вазоратҳои адлия ва маориф бо ҷурми даст задан ба фасод

1657
(Таҷдидшуда 12:25 23.09.2019)
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти се нафар шаҳрвандон хабар медиҳад, ки бархе аз онҳо бо истифода аз вазифаи хизматӣ ба амали коррупсионӣ даст задаанд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонс, Ш.М ҳамчун корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд А.М ва корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Р аз шаҳрванд "А" маблағ ситонидаанд.

"Номбурдагон тахминан моҳҳои январ-марти соли 2019 аз шаҳрванд "А" барои ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барқарор намуданаш дар ҳаҷми 1500 доллари америкоӣ талаб карда гирифта, байни худ тақсим намуданд", — омадааст дар иттилоияи Ожонс.

Зимнан, донишҷӯ бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар, барои давомоти нокифоя, қарздории академӣ, сари вақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома ва дигар ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳавӣ ва оинномаи муассисаҳо муқаррар гардидааст, аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад.

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи муҳосибҳо дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Дар асоси меъёрҳои моддаи 21 қисми 16-и Қонуни ҶТ "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳақ дорад барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин кирдори бадқасдонаи номбурдагон ба шаҳрванд "А" зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дар асоси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар Кодекси ҷиноятии амалкунандаи мамлакат, ки моҳи августи соли 2018 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави онро бо тағйиру иловаҳо ҷонибдорӣ ва қабул намуд, барои амалҳои коррупсионӣ дар асоси қарори суд ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз озодӣ  пешбинӣ карда шудааст.

Фармон: Президент теъдоди мақомдорони марказии Ожонси зидди фасодро кам кард

"Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Ш.М, А.М ва С.Р бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад", — афзуд манбаъ.

“Қапқон”-и зиддифасод ё чи гуна дар шаст ҳамеша “моҳичаҳои хурд” дармеафтанд?

1657
Барчаспҳо:
донишгоҳ, фасод, коорупсия, Душанбе, Тоҷикистон
День 23 января

Ҳалокати 300 кас дар паи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих

153
(Таҷдидшуда 20:39 22.01.2021)
Рӯзи 23 - юми январи соли 1989 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор 300 нафар ба ҳалокат расид

Рӯзи 23 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

Соли 1849 дар Иёлоти Ню-Йорк Элизабет Блеквелл аввалин зане шуд, ки дар ҷаҳон дипломи духтурӣ ба даст овард.

Соли 1912 дар Гаага Конвенсияи байналмилалии афюн- аввалин созишномаи байналмилалӣ дар бораи назорати маводи мухаддир ба имзо расид.

Рӯзи 23 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1989 субҳи барвақт дар натиҷаи заминҷунбии шадид зиёда аз 300 нафар сокинони маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ба ҳалокат расиданд.

Последствия землетрясения в Таджикской СССР
© Sputnik / Геннадий Ратушенко
Последствия землетрясения в Таджикской СССР

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд. 

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 январ

  • Дар ҷаҳон — Рӯзи дастхат

Рӯзи 23 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1966 - олими таърих, дорандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Маъруф Исоматов.

153
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд: буд ё набуд? вокуниши вазорати корҳои дохилӣ

2492
(Таҷдидшуда 18:35 22.01.2021)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Хуҷандро рад кард

ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як машқҳои таълимӣ-дастурӣ буданд, ки ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо баргузор мешаванд, аммо “афроди фурсатталаб” онро ба аҳдофи “муғризона” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб додаанд.

Машқи гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд. Генерал Навҷувонов иштирокдоронро қадрдонӣ мекунад
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон
Машқи гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд. Генерал Навҷувонов иштирокдоронро қадрдонӣ мекунад

“Ин машқҳои таълимӣ 21-уми январ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии 3501 Раёсати корҳои дохилии ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии "Муҳофиза", Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, масъулини шӯъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор шуданд”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯянд, дирӯз 21 январ дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд шоҳиди чунин амалиёт буданд.

Нигаронии Ализода аз масъулини Хуҷанд: омори дурӯғ пешниҳод кардаанд

Яке аз онҳо гуфт, дар майдон воқеан як гурӯҳи муътариз дида мешуд ва кормандони милиса, ки либосҳои мухталифи низомӣ ба бар доштанд, барои маҳор кардани эътироз сафарбар шуда буданд.

“Аксари мардум ин манзараро дида, дарк карданд, ки воқеан, машқи тактикӣ аст ва вокуниши хосе ба он надоштанд. Тамошо мекарданду пайи кори худ мешуданд”, - гуфт ӯ.

Аммо ба тахмини ҳамсӯҳбатони мо, воҳимаи ин машқҳо пас аз он ба вуҷуд омадааст, ки дар телевизиони вилоятӣ ин машқҳои тактикии ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавиро гузориш шуданд.

Сухангӯи ВКД – и Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бозтоби муғризонаи машқҳои таълими дастурӣ аз сӯи “душманони амнияту субот дар Тоҷикистон” ин машқҳо баргузор хоҳанд шуд, чун онҳо дар нақшаи кории вазорат ҳастанд.

2492