Флаг индии, архивное фото

Тоҷикистону Ҳиндустон барои густариши бештари ҳамкориҳо таъкид карданд

67
(Таҷдидшуда 19:49 23.09.2019)
Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо вазири тиҷорат ва саноати ин кишвар дидор ва масоили марбӯт ба тавсеъаи ҳамкориҳои санъатӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, Султон Раҳимзода, сафири Тоҷикистон ва Пиюш Гоял, вазири тиҷорат ва саноати Ҳинд дидору гуфтугу карданд.

Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва саноат баррасӣ шуд.

Иҷрои бандҳои даҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Ҳинд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз дигар мавзуоте буд, ки мавриди баҳси тарафайн қарор гирифт.

Раҳимзода ба тақвияти ҳамкориҳо бо Ҳиндустон умед дорад

Тарафайн ҳамчунин бар аҳаммияти ҳамкорӣ миёни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳинд таъкид ва барои густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина, эъломи омодагӣ карданд.

67
Барчаспҳо:
ҳамкориҳо, тақвият, ҳамкорӣ, Ҳиндустон, Тоҷикистон
Девочка в окне домика зимой

Ҳушдори КҲФ аз сардии шадиду яхбандӣ: беш аз 40 дараҷа хунук мешавад

3
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки давоми се рӯзи оянда дар кишвар ҳавои номусоид хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки  то 29 январи соли равон ҳавои сард дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ  ва қисмати ғарии ВМКБ ҳаво шабона -16-21 дараҷа, дар шарқи ВМКБ - 36-41 дараҷа, дар Булонкул - 51-53 сард мешавад.

Бо сабаби идомаи ҳавои сард, дар аксари минтақаҳои кишвар яхбандӣ боқӣ мондааст, мегӯяд, манбаъ.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми гаштугузор сару либоси мавсимӣ ба бар дошта бошанд, то худро аз бемориҳои сармохӯрдагӣ ҳифозат карда тавонанд.

Ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.  

Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатрии сӯхторро ҷиддан риоя карда, дастгоҳҳои барқиро беназорат нагузоред, ва ҳама асбобҳои гармидиҳиро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то боиси ҳодисаи ногуфоре нагардад.

3
Барчаспҳо:
роҳҳо, ҳушдор аз яхбандӣ, сардӣ, ҳушдор, КҲФ Тоҷикистон
Лампочка, архивное фото

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

239
(Таҷдидшуда 17:16 26.01.2021)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо лимити барқ дар кишвар ба Вазорати энергетика чанд дастур дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.

Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.

Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

"Корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.

239
Барчаспҳо:
Вазорати энергетика ва захираҳои об, лимит, барқ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон