Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Андӯҳи Раҳмон аз даргузашти собиқ раисҷумҳури Фаронса Жак Ширак

467
(Таҷдидшуда 18:53 26.09.2019)
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷҷикистон ба Эммануэл Жан-Мишел Фредирик Макрон барқияи тасаллият ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба  Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар бастагӣ ба реҳлати собиқ раисҷумҳури ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияи тасаллияти ирсолкардаи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин омадааст.

"Ҷаноби олӣ,  хабари реҳлати собиқ раисҷумҳури Фаронса Жак Рене Ширак боиси андӯҳи мо гардидааст. Ҷаноби Жак Рене Ширак бо фаъолияти доманадори худ дар маснади олии раисҷумҳурии  Фаронса ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти боризи давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд пайдо карда буд.

Ҷониби Тоҷикистон саҳми марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Франсия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад".

Андӯҳи Раҳмон вобаста ба марги Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси, раисҷумҳури Тунис

Лутфан таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми дӯсти Фаронса бирасонед, афзудаст раисҷумҳур.

Ёдовар мешавем, ки собиқ раисҷумҳури Фаронса Жак Ширак имрӯз дар синни 86 - солагт даргузашт. марҳум аз соли 1995 то соли 2007 дар маснади раисҷумҳурии ин кишвар қарор дошт.

467
Барчаспҳо:
Фаронса, раисҷумҳур, тасаллият, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон