Праздник дыни в Худжанде

Раиси шаҳри Хуҷанд ба 40 бонуи ҳунарманд то 8 ҳазор сомонӣ грант ҷудо кард

109
(Таҷдидшуда 14:28 27.09.2019)
Бо қарори раиси шаҳр, 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти раиси шаҳр шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст бо мақсади дастгирии занони ҳунарманд, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманду эҷодкор гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешавад.

Аз ҷумла манбаъ зикр намудааст, ки имсол 5 нафар дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 нафар дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 нафар дар ҳаҷми 3000 сомонӣ грантҳоро дарёфт намуданд.

Зимни супоридани грантҳо ба бонувон таъкид карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир, бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ, бахусус барои духтарон ба роҳ монда шудааст.

109
Барчаспҳо:
раиси шаҳри Хуҷанд, бонувон, ҷудо, грант, Хуҷанд, Тоҷикистон