Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қадбаланд, даванда, забондон зери камера: қабул ба кор дар гумрук баъди интиқоди Раҳмон

5091
(Таҷдидшуда 01:14 29.09.2019)
Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайи интиқоди шадиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати кадрӣ, ки афроди бекасу бечора ба ин ниҳод роҳ намеёбанд, озмуни калон эълон кард. Озмун, ки довталабонаш зиёданд, зери назорати дастгоҳи раисиҷумҳур ва дурбинҳо баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Хадамоти гумрук ба хоҳишмандони кор дар ин ниҳод 43 ҷои холӣ дар навоҳии гуногун бо маоши вазифавии аз 626 то 771 сомонӣ пешниҳод карда, талабот гузоштааст, ки довталабон бояд забондон, даванда, қадбаланд ва дорои малакаи кор бо компютер бошанд.

Тавре аз Хадамоти мазкур ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, довталабон бояд шаҳрвандони аз 20 то 35-сола, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дорои маълумоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои фаъолияти умури гумрукӣ ва ҳуқуқшиносӣ бошанд.

Қад, вазн ва суръати давидани кормандон чанд бошад?

Манбаъ тавзеҳ дод, ки занони довталаби кор дар гумрук бояд қади на пасттар аз 168 сантиметр, вазни на кам аз 50 кило дошта бошанду 100 метрро дар муддати то 18,6 сония даванд ва на кам аз 7 “отжимания” кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Дмитрий Косяненко, сарнозири Хадамоти гумруки кишвар медали Хизмати шоиста дод
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Барои мардони хоҳишманди кор дар гумрук қад на кам аз 170 сантиметр ва вазн на кам аз 60 кило муқаррар шудааст.

“Мардон бояд 100 метрро дар муҳлати то 15,5 сония даванд, агар ин нишондод аз 14 сония поин бошад, баҳо аъло хоҳад буд. Инчунин мардон ҳатман бояд дар навори уфуқӣ, ё худ турник худро ҳадди ақал 5 бор боло кунанд. Теъдоди аз 10 боло барои то 30-солаҳо ва аз 8 боло барои аз 30 то 35-солаҳо сазовори баҳои аъло хоҳад буд”, - таъкид кардаанд дар Хадамоти гумрук.

Ба 1 ҷой то 30 довталаб

Дар ҳоле, ки маоши вазифавӣ дар эълон аз 626 то 771 сомонӣ нишон дода шудааст, масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, хоҳишмандони кор дар ин ниҳод хеле зиёданд ва довталабони як ҷои холӣ то ба 20-30 нафар мерасад. 

Боймурод Шарипов, сардори шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, довталабон аз 21 сентябр, санаи нашри эълони озмун, имкон доранд, давоми 21 рӯз санадҳояшонро пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, ки феълан ҳуҷҷатсупорӣ ҷараён дорад ва ба ҳисоби миёна барои як ҷои кор дар гумрук 13 нафар ва бештар ҳуҷҷат месупоранд. Шарипов таъкид намуд, ки довталабон бояд аснодашонро ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон ба шаффофият ва мунсифона будани ин озмунҳо изҳори нобоварӣ карда, бар инанд, ки бидуни ба истиллоҳ “шиносу тағо” роҳ ёфтан ба Хадамоти гумрук амри муҳол аст.   

Президент: ба вазоратҳои маорифу иқтисод намераванд, дар гумруку андоз навбат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ахиран дар ҳузури роҳбарияти Хадамоти гумрук гуфт, дар ҳоле ки барои роҳбарии шаҳру навоҳӣ кадр намеёбад, барои кор дар мақомоти гумруку андоз навбат меистанд ва таъкид намуд, ки миёни мақомдорони ин сохтор ягон бекасу бечора нест.

"Ҳамаатон, ягонтаатон бекас нестед. Ҳозир бигӯям, Вазорати маориф ба кор намераванд, Вазорати иқтисод кор  намераванд, раиси шаҳру ноҳия таъин мекунем, кадр нест. Дар гумруку андоз, навбат", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони низоми гумрук, молия ва андоз.

Зери назари камераҳо ва дастгоҳи иҷроияи Президент

Аммо Боймурод Шарипов, мақомдори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъкид намуд, озмуне, ки эълонаш нашр шудааст, зери назари масъулини Дастгоҳи раисиҷумҳур ва дурбинҳои назоратӣ баргузор хоҳад шуд.

“Аз аввал то охир камера сабт мекунад. Ҳар касе норозӣ бошад, метавонад шикоят кунад, ба вай тамоми ҷараёнро нишон медиҳанд. Роҳбарон ҳам назорат мекунанд. Дар баробари масъулини Хадамоти гумрук, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент низ ҷараёни озмунро назорат хоҳанд кард”, - таъкид намуд Шарипов.

Ба суол, ки чаро бо маоши 700 сомонӣ хоҳишмандони кор дар гумрук хеле зиёданд, изҳор дошт, ки ин маоши ҳадди ақал аст ва кормандон боз премия - подошпулию пардохтҳои иловагӣ мегиранд.

“Чаро талабот зиёд аст? Чун ҷои кор ҳаст, меоянд, маҳораташонро месанҷанд”,  - афзуд Шарипов.

Бархе аз ҷавонони хоҳишманди кор дар гумрук, ки нахостанд номашон зикр шавад, иқрор карданд, ки 700 сомонӣ барои рӯзгузаронӣ хеле кам аст, аммо ба хотири оянда ва пайдо кардани мақомҳои баландтар омодаанд, таҳаммул кунанд.

Роҳҳал: маоши шоиста барои афроди шоиста

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чашми бисёре аз довталабонро ба ниҳодҳое чун гумрук, имконоти сӯиистифода аз салоҳият ва ба ҳамин восита таъмин кардани ҳаёти худ гарм кардааст.

"Бисёре аз кормандони сохторҳои давлатие, ки  имконияти иҷозатномадиҳию ҷаримабандӣ ва дигар салоҳиятҳои вижа доранд, бо музди меҳнат қонеъ намешаванд. Онҳо дигар фурсатҳоеро доранд, ки дар заминаи фасодкорӣ зиндагии худро таъмин мекунанд. Бинобар ин новобаста аз маоши паст довталбони кор дар чунин ниҳодҳо хеле зиёд аст", - изҳор дошт Ҳакимов.

Ӯ барои он, ки кормандони гумрук на ба кисаи худ, балки барои ғанӣ гардондани буҷаи давлат кор кунанд, зарур донист, ки ба ин ниҳод афроди дорои донишу малакаи мукаммал ҷалб гарданду барояшон кафолати иҷтимоӣ ва музди маоши шоиста таъмин карда шавад.  

“Назорати парлумонӣ ва мардумӣ дар маҷмуъ метавонанд боиси беҳтар шудани самаранокии  фаъолияти мақомоти гумрук, ҳамчун яке аз омилҳои стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ ва кам шудани амалҳои коррупсионӣ гардад”, - муҳим хонд Ҳакимов.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки ахиран Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни суҳбат аз мошину бӯстонсароҳои мансабдорони гумрук гуфт, наметавонад ҳар кормандро пайгирӣ кунад ва аз шаҳрвандон хост, дар муайянсозии соҳибони бӯстонсарою амволи гаронарзиш бо мақомот ҳамкорӣ кунанд. Инчунин ахиран довталабони кор дар мақомоти гумрук муваззаф шуданд, ки қабл аз оғози кор эъломияи дороияшонро пешниҳод кунанд ва ҳадафи ин иқдом мубориза бо фасодкорӣ арзёбӣ шуд.

5091
Барчаспҳо:
корманд, маош, фасод, талаботи иқтисодӣ, эълон, озмуни ишғоли ҷои кор, эълони ҷои кор, Хадамоти гумруки ҶТ, Тоҷикистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

519
(Таҷдидшуда 19:51 03.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати ахир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7538  нафар баробар гардид.

"То санаи  3 август  дар мамлакат  6317 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ қайд карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват дорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

519
Барчаспҳо:
омор, тандурустӣ, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Министр экономразвития и торговли Завки Завкизода

Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, музокира кардем –Завқизода дар бораи ҷалби маблағҳои хориҷӣ

256
(Таҷдидшуда 17:55 03.08.2020)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, соли равон аз созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ беш аз 450 миллион доллар ҷалб кардаву хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, ҷалби маболиғи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ ва коҳиши таъсири иҷтимоӣ – иқтисодии пандемияи “вируси корона” буда, як гуруҳи ҳукуматӣ бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва бо институтҳои молиявии байнулмилалӣ ва шарикони рушд вориди музокирот шуд.

“Ин гуруҳ аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ иборат буд, ки раҳбарияшро муовини сарвазир Давлаталӣ Саидзода бар дӯш дошт, ки аз рӯи реҷаи қариб 24 – соата кор мекард. Ман ҳам узви ин гуруҳ будам. Ин маврид ҳам буд, ки мо қариб то соати 4 – субҳ бо институтҳои молиявии байнулмилалӣ ва давлатҳои шарики рушд будем. Таври маълум, ба далели фарқияти вақт, ки бо бархе кишварҳо қариб 10 соатро ташкил мекунад, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ин гуруҳ кор кард ва ба натиҷаҳои назаррас расид”, - гуфт Завқӣ Завқизода.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ин миён Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5, Бонки осиёии рушд – 50, Бонки исломии рушд – 9,4, Бонки ҷаҳонӣ – 11,3 миллион доллар ва аз ҳукумати Олмон – 1 миллион евро маблағҳои грантию қарзӣ ба даст овард. Бино ба ин манбаъ, Тоҷикистон муваффақ шуд, ки 28 миллион қарзи Бонки миллӣ пеши Хазинаи байнулмилалии асъорро аз эътибор соқит кунад ва пардохти 40 миллион доллар қарзи Бонки воридоту содироти Чин – “ЭксИмБонк” – ро ба таъхир гузорад.

БОР барои мубориза бо пайомадҳои COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, гуфтушунидҳо барои ҷалби маблағҳо аз Бонки осиёии рушд – 70, Бонки ҷаҳонӣ – 27, Фонди Авруосиёии рушд – 50, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ – 70 миллион доллар ва Иттиҳоди Аврупо – 78 миллион евро (бо назардошти 30 миллион евро маблағи қарзи Бонки сармоягузории Аврупо) идома дорад.

Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2020 қарзи хориҷии кишвар 170 миллион доллар афзуда, ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расидааст, ки 36,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад.

256
День 4 августа

Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:49 03.08.2020)
Рӯзи чоруми август дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил, дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ ва дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад

Рӯзи 4 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1777 дар Лондон нахустин Сирк дар ҷаҳон кушода шуд.

Соли 1870 дар Олмон аввалин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот баргузор гардид.

Шахматы
© CC0 / Pixabay
Шахматы

Соли 1884 дар ИМА санги аввал барои бунёди пайкараи Озодӣ гузошта шуд.

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

Соли 1942 дар Канада дар фурӯши чой ва қаҳва маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

День 3 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1944 аввалин санҷиши ҳавопаймоҳои реактивии Англия — Gloster Meteor гузаронида шуд.

Соли 1963 Бонки рушди Африқо таъсис ёфтааст.

Соли 1976 дар Лондон аввалин мусобиқаи чирчирак миёни дастаҳои занона баргузор гардид.

Соли 1993 Парлумони Молдова оид ба ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳалнома қабул кард.

Рӯзи 4 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 1997 Маҷлиси олии Тоҷикистон қарор "Дар бораи авфи иштирокчиёни даргириҳои сиёсӣ ва низомӣ"-ро қабул кард.

Соли 2009 миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағи 27 миллион евро ба имзо расид.

 Новый терминал душанбинского аэропорта. Архивное фото
© Sputnik
Новый терминал душанбинского аэропорта. Архивное фото

Соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 август

  • Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.
  • Дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ.
  • Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 4 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулазизова (Ҳаётова) Оиша (1921-2012) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бурҳониддин Баҳоваддинов (1953) – доктори илми тиб, профессор.

Андрей Волос (1955)- нависанда (зодаи Тоҷикистон).

Матлуба Ғаффорова (1954) – доктори илми тиб, профессор.

Мирзо Давлат (1953) – нависанда.

Ҷамшед Каримов (1940) –арбоби давлатӣ, доктори илми иқтисод, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Ҳотам Солеҳбоев (1910-1987)- арбоби давлатӣ.

Табибӣ (Қосимов Абдулҳаким) (1935)- шоир.

Самеъҷон Уроқов (1947) – карнайнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Евгений Фала (1913 – 1988) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рӯзи 4 август кӣ ба дунё омадааст

Барак Обама (1961)- 44-умин президенти ИМА.

Президент США Барак Обама
© Sputnik / Сергей Гунеев
Президент США Барак Обама
0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон