Даъвати мақомоти шаҳри Бохтар: ба ҳамоиши ҷашнии Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ марҳамат

© Sputnik / Игорь ЛекаркинПраздничные мероприятия в Душанбе по случаю 24-ой годовщины независимости Таджикистана
Праздничные мероприятия в Душанбе по случаю 24-ой годовщины независимости Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Бохтар эълон намудааст, ки ба муносибати Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳр ҳамоиши ҷашнӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Мақомоти шаҳри Бохтар эълон намудааст, ки шоми имрӯз, 30 сентябр, дар майдони назди муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Бохтар ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуови ҳукумати вилояти Хатлон.

Обзор на город Душанбе. Здание на фоне гор - Sputnik Тоҷикистон
Муаллими ахлоқ: дар Душанбе аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёд карданд

Бино бар иттилои манбаъ дар ин ҳамоиш иштироки роҳбарияти вилоят дар назар аст.

“Композитсияи адабӣ, саҳнаҳои бадеӣ ва оҳангу таронаҳо бар матни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ манзури тамошочиён хоҳад шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, субҳи 1 октябр, соати 7:00 дар назди теппаи "Қӯрғон"-и шаҳри Бохтар ҳамоиши бахшида ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти 15-рӯзаи дуюми ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли равон баргузор мегардад.

Қарор аст, ки ба се ноҳияи пешқадами мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта  дар доираи аксияи "60 рӯзи меҳнати зарбдор" аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода мукофоти пулӣ тақдим карда шавад.

Маросими "60 рӯзи меҳнати зарбдор" то 16 ноябр идома хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0