Заседание правительства Республики Таджикистан

Олимзода ба Раҳмон аз пешгирии фарбеҳшавӣ гузориш дод: Маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд

1299
(Таҷдидшуда 19:01 30.09.2019)
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Имрӯз, 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар кори маҷлис нахуст дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.

Тибқи иттилои котибот, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст.

"Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад", - омадааст дар хабарнома.

Сипас, аъзои Ҳукумати кишвар 16 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи  вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ”, - ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаанд. 

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа, пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радио” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ниҳолпарварӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаанд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Оид ба низомномаи минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Президент ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ супориш додааст, ки ҷиҳати иҷрои босифати супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ чораҷуӣ намоянд.

Дастурҳои дигар ба Ҳукумат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ, дода шудааст.

1299
Барчаспҳо:
Ҳукумат, маҷлис, Душанбе, Тоҷикистон
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

Эрон 70 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон баргардонд

26
(Таҷдидшуда 15:24 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран аз бозгашти 70 шаҳрванди эронӣ аз ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки бо тамҳидот ва пайгириҳои ба амал омада, севумин гурӯҳ (70 тан) аз шаҳрвандони эронӣ, ки дархости бозгашт аз Тоҷикистон ба кишварамонро доштанд, рӯзи  13 август бо парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии "Вориш" аз шаҳри Душанбе ба Эрон бозгаштанд, иттилоъ додааст "Садои Хуросон".

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷшанбе ҳамчунин 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон ҳузур доштанд бо парвози ихтисосии ширкати ҳавоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе парвоз карданд.

Бо баста шудани ағлаби марзҳои ҳавоӣ бар асари ҳамагирии вируси корона, бисёре аз давлатҳо бо парвозҳои ихтисосӣ шаҳрвандони худро ба кишварҳояшон мунтақил мекунанд.

Ин аввалин маротиба нест, ки Эрон шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон эъзом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки 24 феврали соли равон кишварҳо дар паи ҳамагирии коронавирус то ба эътидол омадани вазъият, алоқаи ҳавоиро мутаваққиф гузоштанд.

То ин дам аз Эрон ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines парвоз мекард. Ҳавопаймо як бор дар як ҳафта тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон парвоз анҷом медод.

Дар навбати худ аз пойтахти Тоҷикистон ба Эрон ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" парвоз мекарданд.

26
Барчаспҳо:
Ватан, бозгашт, сафир, шаҳрванд, Тоҷикистон, Эрон
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

43
(Таҷдидшуда 14:47 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири шаҳир ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт, ки бо даргузашти Гулназар Келдӣ, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.

“Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад”, афзудааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Собирӣ афзуд, инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

43
Барчаспҳо:
сафир, паём, Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, таслият, Эрон, Тоҷикистон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Ваксинаи коронавируси Русия: "олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо"

0
Дар роҳи наҷот аз коронавирус - роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ аз он наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад.

Мо, пизишкон, дар табобати беморони коронавирус бо истифодаи "антитела", "стероидҳо" ва маводҳои зиддивирусӣ муваффақ шудем. Дар натиҷа марг аз коронавирус камтар шуд, аммо дар ҳолатҳои вазнин мо маҷбурем, ки беморонро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунем. Аз даҳ бемор шаш-ҳашт нафарашон аз инфексияи дохилибемористонӣ мемиранд. Ин гуна беморонро антибиотикҳои нав метавонистанд наҷот диҳанд, аммо барои коркарди онҳо солҳо лозим аст.

Роҳи дигар ҳам ҳаст: одамонро аз олудашавӣ ба коронавирус наҷот додан. Ин роҳи беҳтарин аст -ҳам худи одам бемор нест, ҳам атрофиёнашро олуда намекунад. Зеро то кадом андоза ба ин беморӣ нафарони устувор бештар шаванд, ҳамон андоза қабати иммунии ҷамъият ғафстар мешавад, ба эпидемия хотима меёбад.

Феълан, нафароне нисбати ин беморӣ устувор дониста мешаванд, ки ин бемориро аз сар гузаронанд. Аммо як роҳи бехатари дигар ҳам ҳаст - сироятнопазир кардан. Дар ҳоле, ки ваксинаи бехатар ва самаранок, ки мутахассисони маркази илмии ба номи Гамалеи сохтаанд, омода аст. Ин пажӯҳишгоҳ дар ҷомеаи микробиологӣ мисли бренди "Мерседес" дар мошинсозӣ аст.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

Ман чанд сол аст, ки академикҳо Гинсбург ва Логуновро мешиносам. Бо онҳо ва кормандонашон мо роҳҳои нави мубориза бо бактерияҳои устуворро меомӯзем. Афзун бар ин, олимони пажӯҳишгоҳ аллакай зидди эбола ва MERS ваксин сохтаанд.

Ва на танҳо сохтанд, роҳи сохтани бехатар ва самаранок - векториро кашф намуданд. Ба аденовируси барои инсон беозор, мисли ба машаки ҳомил, истгоҳи мадорӣ - бурдаи коронавирусро мечаспонанд. Ва ба бадани инсон сар медиҳанд. Пас аз ин ҳам  ба мушаки ҳомил ва ҳам ба истгоҳи мадорӣ иммунитет ҳосил мешавад. Барои ин дастовардро мустаҳкамтар кардан, пас аз се ҳафта, ҳамин гуна "истгоҳи мадорӣ"-ро дар дигар "мушаки ҳомил", дигар аденовирус сар медиҳанд. Ва боз иммунитет ҳосил мешавад. Дар натиҷа ба ҳарду аденовирус иммунитети заифтар ҳосил мешавад (зеро он ба организм лозим нест), ба коронавирус бошад - иммунаи пойдор ва устувор.

Олӣ, мисли ҳамагуна олиҳо. Зеро касе мисли мо то ин дараҷа нозукиҳои ваксинасозиро фикр накарданд. Дар ҷаҳон боз чанд ваксинаҳои векторӣ сохта мешаванд, аммо мисли ваксинаи коронавирус ду "мушаки ҳомил" надоранд.

Ваксин аллакай дар бадани довталабон озмоиш шудааст. Бояд қайд кард, ки довталабони нахустин ҳамон кормандони пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалеи буданд. Онҳо мисли созандагони пуле буданд, ки то қатораи аввал гузаштан, зери пул худашон истоданд. Пас аз онҳо ваксина дар бадани низомиён озоиш шуд! Ягон ҳолати зарари ваксин ба қайд гирифта нашудааст, ҳама иммунитети қавӣ доранд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар рафти сохтани ваксин мавҷи танқидҳо боло шуданд. Аз овозаҳои дурӯғи технологияҳои дуздидашуда сар карда, то бад шудани аҳволи довталабони озмоиши ваксин. Охиронашон  мудҳиш садо медиҳад: тақвияти вобастаи антителӣ (ADE). Ин барои ғайримутахассисон мудҳиш аст. Вирусологҳо медонанд, ки осори ADE танҳо барои лихорадкаи Денге шарҳ дода шудааст, ҳамон ҳам ба ваксингузаронӣ вобаста нест. Дар дигар ҳолатҳо осори ваксинаро танҳо дар пробирка мебинанд. Бояд қайд кард, ки на дар ҳолати инфексияи коронавирус.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

 Аз ин ҷо як савол бармеояд. Ин ширкатҳоро дар расонаҳо кӣ маблағгузорӣ мекунад? Он коршиносони мастақил аз кӣ вобастаанд. Ҷавобаш рӯшан аст: истеҳсолкунандагони дигар ваксинҳо ки феълан аз олимони Русия ақиб мондаанд. Баъзан аз истеҳсолкунандагонии доруҳои зиддивирусӣ, ки камсамаранд.

 Ба мо пизишкон ҳамаи ин шармовар аст. Мо интизорем, ки кай коронавирус маҳв мешавад ва мо бо дигар бемориҳои эпидемикӣ, ки то ҳол дастамон намерасид, машғул мешавем.

0