Детские резиновые сапоги

Дар Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад

190
(Таҷдидшуда 13:11 02.10.2019)
Обуҳавошиносон таъкид намуданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят бе боришоти назаррас (0-0,5мм) пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  шабона 2-7 дараҷа  хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омада,  шабона дар баландиҳои зиёда 3000 барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8метр дар як сония мевазад.

Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) борида, раъду барқ ба амал меояд.

Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 25+27 дараҷа  гарм мешавад.

190
Барчаспҳо:
раъду барқ, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон
День 13 июля

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

36
(Таҷдидшуда 20:06 12.07.2020)
Рӯзи сенздаҳуми июл дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ буда дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ мебошад

Рӯзи 13 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри  Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

Соли 1935  аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА  ба имзо расид.

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе дуюмин конференсияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 созишнома, аз ҷумла, Созишнома дар бораи маблағгузории «Лоиҳаи мустаҳкам намудани тартиби ҳифзи иҷтимоӣ» ба имзо расид.

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати амрикоии «Сокар Фостер Вилер» (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқот анҷом дода,  масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

Соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Соли 2015 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Такур расман ифтитоҳ ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл

  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
  • Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

Рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулло Субҳон (1955)- шоир.

Басир Расо (1931-2011) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Мўсо Вализода (1937)- шоир.

Қаро Зокиров (1929)- рассом, ҳайкалтарош.

Амонулло Каромов (1970)- актёри театр.

Фотима Куинова (1925) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бақо Содиқов (1941) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Собир Хоҷаев (1928 – 2009) – мутарҷим.

Самеъҷон Шодиев (1919-1994)- арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти ТоҷикистонАзиз Эргашев (1922- 1997)- арбоби ҷамиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ямилов (1934) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раҳматулло Ҳошимов (1960)- сароянда.

Равшан Баротов (1972)- оҳангсоз.

36
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц

Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора безарар гардонида мешаванд

163
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2020)
Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дубора поккорӣ мешаванд. Ин поккорӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси навъи COVID - 19 гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Гурӯҳи безараргардонӣ ва пешнигрӣ аз сироят ба коронаирус СOVID-19 фаъолиятҳои поккорӣ дар иншооту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хучандро аз сар гирифт.

Бино ба гузориши КҲФ, ин гурӯҳ, ки аз аввали авҷи вируси корона дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд амал мекард, зарфи ду рӯзи охир ба фаъолиятҳои худ идома дод.

Ёдгор Файзов гуфт, ки чигуна Тоҷикистон тавонист коронавирусро пешгирӣ кунад

Дастаи имдод дар ин ду рӯз дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов ва даромадгоҳҳои биноҳои 5-9-ошёнаи истиқоматии маҳаллаи 12-умро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор, маҳлули гипохлорид натрий поксозӯ карданд.

"Дар як рӯз аз ҷониби гурӯҳ беш аз 20 бино безарар гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки корҳои безараргардонӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти ҶТ шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Дар кишвар 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд.

163
Барчаспҳо:
пешгирӣ, поксозӣ, вируси нав, Суғд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон