Кружка с горячим напитком, архивное фото

Дар ВМКБ сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

183
(Таҷдидшуда 11:56 03.10.2019)
Имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ба хусус дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноку бебориш хоҳад шуд. Ҳарорати ҳаво аз +26 то +28 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 26+28 дараҷа  гарм мешавад.

Манбаъ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар доманакӯҳҳо бебориш пешгӯӣ намуда, қайд намудааст, ки дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  шабона 2-7 дараҷа  хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои бебориш, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назаор дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.

183
Барчаспҳо:
Душанбе, пойтахт, сардӣ, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

128
(Таҷдидшуда 15:02 17.01.2021)
Дар умум дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзи аксари кишварҳо, сатҳи муҳоҷират дар Тоҷкистон коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.

Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).

Бекорӣ аз байн меравад? Амонзода дар саросари ҶТ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ташкил мекунад

Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.

128
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, муҳоҷират, омор

Тоҷикистонро шаб заминҷунбии сахт такон дод

1381
(Таҷдидшуда 03:21 17.01.2021)
Макони заминҷунбӣ на Тоҷикистон, балки наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буд, ки дар он ҷо шиддати ларзиши замин ба 5,5 дараҷа мерасид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод. Заминларза соати 1- и шаби рӯзи 17 январ рух дода буд.

Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд низ сахт буд.

Бар хабари марказҳои зилзиланигории ҷаҳон, заминҷунбӣ дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст.

Заминҷунбӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тибқи баъзе маълумот дар Афғонистон, зилзила як қатор музофотҳои ин кишварро такон додааст. Манобеи Афғонистон дар як гузориши хабарӣ гуфтаанд, ки зилзилаи шадид Кобул ва баъзе вилоятҳои дигарро такон дод.

Гуфта мешавад, ки сокинони вилоятҳои Балх, Панҷшер, Кундуз, Самангон ва Нангарҳор низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

Ҳоло дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумоте рӯи даст нест.

1381
Барчаспҳо:
Афғонистон, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон
 Криштиану Роналду

Роналду бо "бандит" - ҳо меҷангад: ӯ дар навори тарғиботӣ нақш офарид

0
(Таҷдидшуда 16:10 17.01.2021)
Дар ин навори тарғиботӣ футболбоз бо пӯшоки вижа пайдо мешаваду дорои қувваи фавқуллоад мебошад. Барои истифодаи қуввааш Роналду чун пас аз голзанӣ, хурсандӣ карда аз ҷояш мепарад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ситораи футбол, ҳамлагари дастаи итолиёии "Ювентус" Криштиану Роналду бо образи қаҳрамоне дар рекламаи бозии мобилӣ "Legend of the bounty hunter: part 2", нақш офарид, хабар медиҳад Eurosport.

Дар навори тарғиботӣ футболбоз либоси махсус пӯшидааст ва аз намудҳои ғайриоддии силоҳ истифода мекунад. Вай бо "бандитон" мубориза мебарад ва онҳоро бо таркишҳои лазерӣ ва маҳорати ҳарбӣ мағлуб мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Cristiano Ronaldo (@cristiano)

Дар охири реклама, Роналду бо истифода аз нерӯ аз миёни тӯдаи душманон мегузарад ва кӯдаки дар асорат бударо наҷот медиҳад.

Барои истифодаи қувваи фавқуллодааш, ӯ ҳамон гуна меҷаҳад, ки одатан голҳои дар майдон задаашро ҷашн мегирад.

Роналду аз рӯи голҳои задааш аз Пеле пеш гузашт: ду гол то шикасти рекорди Йозеф Бикан

Бозингари португалӣ қаблан дар рекламаҳои ғайриоддӣ нақш бозидааст. Дар 2019, ӯ бо Неймар дар Бразилия дар як рекламаи тарғиботӣ либосҳои асримиёнагӣ пӯшиданд ва бо шамшер мубориза бурданд. Дар мавсими футболи 2020–2021, Роналду дар 13 вохӯрӣ 15 гол зад.

Вай панҷ тӯби тиллоӣ дорад, ки ин  баландтарин ҷоиза барои ҳар футболбози ҷаҳонӣ аст.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, реклама, ҷанг, Криштиану Роналдо