Шукурджон Зухуров. Архивное фото

Шукурҷон Зуҳуров ба Узбакистон меравад

169
Бо даъвати раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Узбакистон, Шукурҷон Зуҳуров озими он кишвар мешавад

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Интизор меравад, аз 6 то 9 октябри соли равон Раиси маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба узбакистон сафар кунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Ховар.

Бар хабари манбаъ, сафари Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Узбакистон Нуридинҷон Исмоилов сурат мегирад.

Зуҳуров ҳамроҳ бо чанд вакили Парлумон ба Нур-султон рафт

Зимнан, Зуҳуровро дар ин сафар ҳайати парлумони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ зимни сафар бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Узбакистон Танзила Нарбаева, Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Узбакистон Нуридинҷон Исмоилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом диҳад.

Нописандии мансабдорон ба вакилон: Зуҳуров гуфт, ба Президент мерасонад

Гузашта аз ин ҳайати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои фарҳангӣ аз шаҳри Самарқанд ва дигар ҷойҳои таърихии ин кишвар боздид мекунанд.

169
Барчаспҳо:
сафар, Шукурҷон Зуҳуров, Узбакистон, Тоҷикистон
В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина

Паём аз "вируси корона": як бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз "илтиҳоби шуш" холӣ шуд

447
(Таҷдидшуда 21:17 25.05.2020)
Ба ҳолати 25 - уми май яке аз ду бемористони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар аз сироятёфтагони “илтиҳоби шуш” ё бемории “вируси корона” холи шуд

Душанбе, 25 май – Sputnik. Муродҷон Ҷураев, сартабиби ноҳияи бо исми Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзи 23-уми май гурӯҳи 11 нафараи беморон аз бемористони № 2 воқеъ дар ҷаомати Ёва и ноҳия мураххас рухсат шуданд ва ба ин ҳол, ин яке аз бемористонҳои лозим барои табобати гирифторони "илтиҳоби шуш" холӣ мондааст.

"Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ду беморхона яке дар ҷамоати Ёва барои беш аз 40 рахти хоб ва дуюми дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов дорои 100 кати беморӣ, барои муолиҷаи беморони “илтиҳоби шуш” омода карда шудаанд. Рӯзи 23 уми май 11 нафар аз бемористони ҷамоати Ёва ба манзилҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло дар он ягон гирифтори “илтиҳоби шуш” боқӣ намондааст", - гуфт сартабиб.

Бино ба иттилоъи Ҷураев, то рӯзи 23 уми май дар бемористонии № 2 и ҷамоати Ёва, беш аз 200 нафар аз шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” бистарӣ ва табобат гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи манобеи наздик ба Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 то ин замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 600 мавриди “илтиҳоби шуш” сапт шуда, бештар аз 550 нафар аз бемористонҳои ҷамоатҳои Ёва ва Ҳайдар Усмонов шифо ёфта, кам ё беш аз 5 нафар аз теъдоди шумори беморон фавтидаанд. Ҳоло ҳудуди 27 нафар дар бемористони воқеъ дар ҷаомати Ҳайдар Усмонов таҳти тадовии духтурон қарор доранд.

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо доштани бештар аз 360 ҳазор аҳолӣ феълан аз калонтарин ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дилбар Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зарфи ду се рӯзи охир ҳолатҳои гирифтории сокинон ба бемории “илтиҳоби шуш” коҳиш ёфта ва ба ин далел ҳоло зарурати бистарӣ кардани беморон дар бемористони № 2 дар ҷамоати ноҳия боқӣ намондааст.

"Ин бемористон дар авҷи хуруҷ маризӣ, барои табобати маризии “вируси корона” тайёр карда шуд. Ҳоло, ки шиддати ин беморӣ поён шудааст, рӯзҳои наздик ин беморхона ба мисли пештара ба фаъолияти маъмулӣ баргардонида мешавад", - гуфт Турсунзода.

Ба ин тартиб ноҳияи Б. Ғафуров, ҳоло аз аввалин ноҳияҳое дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бино ба гуфтаи масъулин бемористонаш аз тоза шудани гирифторони “вируси корона” муваффақ шудааст.

Чанде пеш ҳам баъзе дигар аз шаҳру навоҳии кишвар аз коҳишёбии гирифторони “илтиҳоби шуш” дар бемористонҳо хабар доданд. Аммо масъулин ва табибон таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегуянд, барои пурра нобуд шудани “вируси корона” нақши сокинон ҳам муҳим аст ва ин корро бо риояи гигенаи тиббӣ, ҳар яке метавонад ба иҷро расонад.

Рақамҳо дар бораи сирояти вируси корона, дар ҷаласаи ситоди шаҳру ноҳияҳо баъд аз он сурат мегирад, ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 уми май дар як ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемори COVID – 19 иштирок намуд ба роҳбарону масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин бора ҳеҷ чизро аз мардум пинҳон накунанд, балки кушоду равшан маълумотро барои аҳолӣ пешкаш намоянд.

"Ин бемориро ҳукумати ҷумҳурӣ насохтааст, балки дар ҳама ҷо, ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунёро ҳам ин маризӣ сироят кардааст", - гуфт раисиҷумҳур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки имрӯз 25 - уми май ин Вазорат эълон кард, теъдоди умумии беморон ба 3100 нафар баробар шуда, то кунун 1395 нафар аз ин шумор сиҳат шудаанд. Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониён аз ин бемориро то ин сана 46 нафар арзёбӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

447
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице

Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

1779
(Таҷдидшуда 19:32 25.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин маълумот дар мавриди теъдоди шифоёфтагон, гирифторон ва қурбониёни маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. То 25 майи соли равон дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки  то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

1779
Барчаспҳо:
маризон, омор, Вазорати тандурустии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон