Роза, архивное фото

Тавсифи Раҳмон аз "бизнес" - и гулкории шаҳрванди Тоҷикистон дар Эквадор

499
(Таҷдидшуда 19:54 04.10.2019)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷаъомади тантанавӣ бахшида ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Аснои баромад кардан дар чорабинии бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз афроде, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, аммо дар ташаккули нуфузи Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд, бо ифтихору аҳсанхонӣ ёдовар шуд.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон аз тиҷорати Саид Толибов шаҳрванди Тоҷикистони муқими Эквадор ситоиш намуд. Толибов давоми ду соле, ки дар Эквадор қарор дорад, аллакай ба кушодани тиҷорати муваффақи худ ноил шудаст.

Оғози озмуни “Сайри гули лола” Душанберо гулафшон кард

Тиҷорати Саид Толибов аз парвариш ва фурӯши гули садбарг иборат аст. Ӯ дар  майдони 40 гектар замин, ин намуд гули зеборо парвариш намуда ба 30 кишвари дунё интиқол медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ширкати ӯ, ки "iRose" ном дорад, 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо кори доимӣ таъмин ҳастанд.

499
Барчаспҳо:
тавсиф, соҳибкор, Эмомалӣ Раҳмон