Путин ба Раҳмон ҳам занг заду ҳам барқияи табрикотӣ равон кард

533
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар барқияи табрикотиаш ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки кишвараш омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф бо Тоҷикистон тақвият бахшад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати рӯзи зодрӯзаш барқияи табрикотӣ равон карду, сипас суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.

Аз ҷумла дар барқияи табрикотиаш Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба рӯзи зодрӯзаш самимона табрик намуда таъкид намудааст, ки ӯ дар давоми роҳбарии тӯлониаш миёни ҳамватанонаш чӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар эҳтироми зиёде пайдо кардааст.   

Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

“Русия нақши Шуморо дар таҳкими ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва дӯстиву иттиҳод миёни ду кишвар ва ҳамчунин мушорикат дар таъмини амнияти дастаҷамъии кишварҳои Оиёи миёна ва ҳавзаи АвруОисиё баланд арзёбӣ мекунад” - , таъкид намудааст Путин.

Путин таъкид намудааст, ки Русия омодааст муносибати дӯстиву фаъолияти самараноки дуҷонибаро дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон идома диҳад.

“Ин иқдом бидуни шак  ба манфиати мардуми Тоҷикистону Русия хоҳад буд”, - гуфтааст Путин.

Ҳамзамон дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз миёни Президенти Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

“Сарони ду кишвар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро баён дошт”, - зикр намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки суҳбат дар фазои самимият ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия мебошанд, сурат гирифт.

533
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, табрикот, барқияи табрикотӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, Путин, Русия, Тоҷикистон