Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе

Лукошенко ба Раҳмон таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро таманно кард

41
(Таҷдидшуда 14:43 05.10.2019)
Дар суҳбати телефонӣ Александр Лукошенко, раисҷумҳури Беларус бо Эмомалӣ Рамҳон аз густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус таъкид кардааст

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, зимеи суҳбати телефонӣ Александр Лукашенко ба роҳбари Тоҷикистон беҳтарин таманниётро орзӯ намудан ӯро бо зодрӯзаш табрику муборакбод кардааст.

“Зимни суҳбати телефонӣ кишвардори Беларус нақши бузурги Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ  таъкид кард”,- зикр намудааст манбаъ .

Ҳамзамон сарони ду кишвар атрофи ҳолати кунуниву роҳҳои густариши тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор карданд.  

“Зимнан, ба рафти иҷрои  мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои қаблии сарварони ду кишвар бадастомада диққати махсус дода шуд. Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи минтақивию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд”, -қайд намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ба Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон занг зада ба рӯзи зодрӯзаш табрик намуданд.

41
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, суҳбат, занги телефонӣ, табрикот, Александр Лукашенко, Беларус, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон