Зам. председатель Хатлонской области Махфират Хидирзода подарил автомашину Меседес-бенс сотрудникам НДПТ в районе Дусти хатлонской области

Махфират Хидирзода ба масъулини ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мошини “Мерседес” тӯҳфа кард

268
(Таҷдидшуда 19:51 07.10.2019)
Дар ноҳияи Дӯстӣ маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ба масъулини ҲХДТ дар ин ноҳияи мошини “Мерседес” тақдим кард

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст, бинои мазкур аз ҷониби фаъолони ҳизб сохта шуда, барои таъмиру тармими ин иншоот зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Инчунин, манбаъ таъкид намудааст, ки барои фаъолияти пурсамар ва тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Дӯстӣ автомашинаи хизматии “Мерседес” тақдим гардид.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки айни ҳол шумораи аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба 3688 нафар расидааст, ки ин қувваи бузург аст. Аз ин шумора 1257 нафарашон зан ва 1654 нафарашон ҷавонони то 30-сола мебошанд.

Дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб 5 нафар фаъолият менамоянд.

268
Барчаспҳо:
ҲХДТ, номзади ҲХДТ, Мерседес-Бенс, мошин, тӯҳфа, Хатлон, Тоҷикистон