Диктант

Дар Душанбе барои хонандаҳои синфи 11 имтиҳонҳои озмоишӣ роҳандозӣ шуд

189
(Таҷдидшуда 20:33 07.10.2019)
Имтиҳонҳои озмоишӣ дар 22 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 1 октябр имтиҳонҳои озмоиширо барои синфҳои 11-ум роҳандозӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ Тоҷикистон.

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар 22 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар имтиҳонҳои мазкур, ки то 30 октябр давом мекунанд, беш аз 2100 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок мекунанд.

“Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, ки дар онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд, шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳо аст”,- таъкид намудааст манбаъ.

Дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ), ки се субтест – забони тоҷикӣ, риёзӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, инчунин варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле, ки дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод мегарданд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳо аз тарафи Марказ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад.

Вобаста ба ин, хатмкунандагони дар имтиҳонҳои мазкур ширкаткарда инчунин дар бораи сатҳи омодагияшон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот мегиранд.

Ҷараёни имтиҳони озмоиширо чун дар имтиҳонҳои воқеӣ кормандони Марказ ва омӯзгорони ҷалбгардида назорат хоҳанд кард.

189
Барчаспҳо:
Душанбе, хонандаи синфи 11, синф, Маркази миллии тестӣ, тест, имтиҳон, Тоҷикистон