Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Қарори навбатии раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид

582
(Таҷдидшуда 12:33 09.10.2019)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарор навбатӣ дар бораи баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷумро ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Бино бар иттилои дафтраи матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, тибқи қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 4 октябри соли равон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Манбаъ хабар додааст, ки дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои  рафти иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар вилоят баррасӣ мегардад.

Инчунин дар маҷлиси мазкур ҳисоботи комиссияи доимии иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят доир ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Хистеваарз”, Очилов Дадо Икромович доир ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин манбаъ зикр намудааст, ки вакилони халқи вилояти Суғд масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро низ баррасӣ хоҳанд кард.

582
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Аҳмадзода, Маҷлиси вакилони халқии шаҳрӣ, маҷлис, тасвиб, қарор, Суғд, Тоҷикистон
Люди в масках в городе

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

40
(Таҷдидшуда 19:58 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 45 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар давоми 24 соати гузашта, 89 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7785 нафар баробар гардид.

"То санаи 9 август дар мамлакат 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Ин ниҳод даъват карда, ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

40
Барчаспҳо:
вируси нав, омор, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Андӯҳи маорифи Хуҷанд аз даргузашти мудири кӯдакистон аз беморӣ

634
Даргузашти нобаҳангоми Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистон аҳли маорифчиёни Хуҷандро андуҳгин намудааст. Ризоева субҳи 8 август бар асари бемории саратон дар бемористони Хуҷанд ҷон ба Ҳақ супурдааст

ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз даргузашти Маърифатхон Ризоева, мудири кӯдакистони № 37 ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда ба аҳли пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.

"Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз марги нобаҳангоми бонуи равшанзамир, шахси наҷибу нексиришт, Аълочии маорифи Тоҷикистон Маърифатхон Ризоева сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил мехоҳад”, - гуфта шудааст дар тасаллиятнома.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Маърифатхон Ризоева ҳамагӣ 47 сол (1937 таваллуд шудааст) дошта, баъд аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таҳсил карда, дорои ихтисосҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, ҳуқуқшинос, равоншинос ва мутахассиси муассисаҳои томактабӣ гардидааст.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Фаъолияти кории худро дар кӯдакистони №33 и Хуҷанд оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаи маориф, мудири кӯдакистонҳои №7 ва 37 идома додааст.

67 – сола: даргузашти Мирзобек Каримов, собиқ сардори БДА – и Душанбе ва Суғд

Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Хуҷанд ӯ барои саҳми назаррас дар раванди таълиму тарбияи насли наврас борҳо бо ҷоизаҳо аз ҷумла бо унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадршиносӣ гардидааст.

634
Барчаспҳо:
даргузашт, ҳамдардӣ, Хуҷанд