Сейсмический график, архивное фото

Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

723
(Таҷдидшуда 18:30 09.10.2019)
Маркази заминҷунбӣ дар 253 километр қисмати ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон рух додаст. Бар асари заминларза касе осеб надидаст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз, соати 15:44 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ заминларза рух дод.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар  километри 253-юми қисмати ҷанубу шарқи  Душанбе, дар ҳудуди  Афғонистон воқеъ будааст.

Заминҷунбӣ Роғунро такон дод

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказ, аниқтараш дар Афғонистон 3-4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

"Заминҷунбӣ  наздики 20 сония давом намуда, талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надошт", - зикр гардидаст дар хабари манбаъ.

723
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Тоҷикистон