Рабочий во время строительства, архивное фото

Ноҳияи Панҷ барои сохтмони иншоотҳои гуногун беш аз 20 миллион сомонӣ масраф кардааст

100
(Таҷдидшуда 00:38 10.10.2019)
Мақомомти вилояти Хатлон хабар додааст, ки корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ идома дорад ва дар 9 моҳи соли равон 33 иншоот ба маблағи 20,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Давоми 9 моҳ соли равон дар ноҳияи Панҷ 33 иншоот бо маблағи 20,5 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳои Шакардашт, Гулистон ва Чашмасори Ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат” аз тарафи соҳибкорон ва мардуми маҳал ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ 3 км роҳ, дар деҳаҳои Селта, Пахтакор ва Чаманистони Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо маблағи 267 ҳазор сомонӣ 7,7 км роҳ, дар деҳаҳои Шахмат, Ҳасан Шеров, Сармантой ва Турдишайхи Ҷамоати деҳоти “Озодагон” ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ 3 км роҳ сангфарш, дар деҳаи Сармантойи ҳамин ҷамоат ба масофаи 1,2 км роҳ, дар деҳаи Ҷамъияти Ҷамоати деҳоти “Меҳровар” бо сарфи 400 ҳазор сомонӣ 1,5 км роҳ мумфарш карда шуд.

Ҳамчунин дар деҳаи “16-солагии Истиқлолият”-и ин ҷамоат бо маблағи 179 ҳазор сомонӣ сехи макаронбарорӣ бунёд шудааст.

Инчунин аз ҷониби як нафар соҳибкорзан дар мавзеи Сомонии Ҷамоати деҳоти “Намуна” бо харҷи 280 ҳазор сомонӣ сехи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ имрӯз низ идома доранд.

100
Барчаспҳо:
масраф, сохтмон, иншоот, Панҷ, Тоҷикистон

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

325
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар 44 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Рӯзи гузашта ин нишондод 45 нафарро ташкил дода буд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмуъ дар кишвар 9 ҳазору 303 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки аз шумораи умумии гирифторшудагон то имрӯз 8 ҳазору 66 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавт аз коронавирус тайи рӯзҳои охир бетағйир монда, ҳамоно 73 ҳолатро ташкил медиҳад.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

325
Машина полиции

Майдаавбошии Одинаевҳо: барои дашному латукӯби ҳамсоя ҳабсу ҷарима шуданд - навор

343
(Таҷдидшуда 18:57 19.09.2020)
Саҳнаи дашномкунӣ ва латукӯби як ҷавон аз ҷониби ду бародар дар шаҳри Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва баҳси гармеро ба миён овард

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Кормандони Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе ду ҷавонеро боздошт намуданд, ки дар якҷоягӣ ҷавони дигарро ҳақорат ва шадидан кӯфтанд.

Бар хабари котиботи раёсати мазкур, ин ҳодиса нисфирӯзи 16 - уми сентябр дар кӯчаи Соҳилӣ рух дод.

Бародарон Одинаев Фирӯз ва Одинаев Фаррух, ки сокинони кӯчаи Соҳилӣ мебошанд, ҳамсояи 30  солаашонро нахуст дашном дода, сипас ду каса ӯро шадидан кӯфтанд.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

Аз рӯи наворе, ки ба дасти кормандони РВУД дар пойтахт расид, ҳар ду бародар боздошт ва ба идораи пулис оварда шуданд.

Манбаъ меафзояд, Одинаевҳо барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамиятӣ яке ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона шуда, дар нисбати дигарӣ, ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

343
Барчаспҳо:
ҷарима, ҳабс, ҳамсоя, латукӯб, Душанбе
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон