Природа Таджикистана, архивное фото

Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

306
(Таҷдидшуда 12:11 10.10.2019)
Веб-даргоҳи худравҳои Русия дар радабандие, бузургроҳи Помирро яке аз зеботарин роҳҳои ҷаҳон шинохтааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.  Масири Помири Тоҷикисон ба 5 - гонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон шомил гардид, хабар медиҳад веб-даргоҳи худравҳои Русия

Ба иттилои гузоришгарон, дар ҷаҳон бузургроҳҳое ҳастанд, ки агар ронанда боре тариқи ин роҳҳо гузар кунад, ҳатман хоҳиши дигарбора убур кардани ин шоҳроҳҳо мекунад. 

Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

Манбаъ меафзояд, дар радабандии зеботарин масирҳои ҷаҳон бузургроҳи Помир мақоми дуюмро касб намуд. Ин роҳ дар миқёси кишварҳои собиқ Шӯравӣ баландтарин масир ба ҳисоб меравад.

"Дар ин ҷо, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр, кӯли калонтарин дар Тоҷикистон - Қарақул, ки ягона истгоҳи роҳи дароз мебошад, ҷойгир аст. Барои убур кардани ин роҳ шояд як рӯз сарф шавад,аммо мафтун нашудан ба манзараҳои зебои табиии ин макон ғайриимкон аст" , - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан ба 5 - гонаи зеботарин шоҳроҳҳои ҷаҳон калонтарин дара дар Аврупо - дараи Вердон дар Фаронса, шоҳроҳи Далтон-Ҳайвей дар Амрико, роҳи Трансфэгэраш дар Руминия ва бузургроҳи Чуйский дар Русия шомил гардиданд.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта Помир ба феҳрасти рӯихати "100 самти устувори ҷаҳонӣ" ворид шуда буд. Гузашта аз ин маҷаллаи амрикоии National Geographiс Traveler Помирро ба рӯихати маконҳои сайёҳӣ шомил намуда буд.

306
Барчаспҳо:
шоҳроҳ, панҷгонаи беҳтарин, Помир
Автомобиль опрокинулся в реку Фондарё

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд

18
(Таҷдидшуда 15:51 28.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садмаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе - Хоруғ - Қулма" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садама бегоҳи 27-уми октябррух додааст.

Тибқи иттилои ВКД, ронандаи худрави тамғаи "Чанху", Мардонов Ховар Навбаҳорович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма", аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи "Ғунд" чаппа шудааст.

Марги ду сокини Чорсӯ дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ: яке ронанда буду дигараш мусофир

Гуфта мешавад, ки садама дар ҳудуди деҳаи Боғев ба вуқӯъ пайвастааст.

"Дар натиҷа, ронанда Мардонов Х.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

18
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, Тоҷикистон
Начало учебного года в Таджикистане

Санаи таътили тирамоҳӣ дар мактабҳо эълон шуд: муаллимон чаро кор мекунанд?

188
(Таҷдидшуда 15:34 28.10.2020)
Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон санаи оғози таътили тирамоҳиро дар мактабҳои Тоҷикистон эълон кард.

Бино бар иттилои вазорат, 31 октябр чоряки якум ҷамъбаст гардида, 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад.

"Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ иборат аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст. Инчунин дар давраи таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи бузургдошти адибони тоҷик гузаронида мешавад.

Дар ин давра даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 26-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб  намояд.

Аз норасоии синфхонаҳо то 45 дараҷа гармӣ: таътилро то 15 сентябр тамдид кунед

Бо қарори Вазорати маориф, хонандагони мактабҳо чор таътил доранд, ки аз таътили тирамоҳӣ - 1 то 10 ноябр, зимистона - 1 то 10 январ, баҳорӣ - 26 то 31 март ва тобистонӣ - анҷоми таҳсил то 31 август иборат аст.

188