Қазияи норӯшани ҳамла ба ду сарбози рус дар Бохтар: як сарбози захмбардошта мураххас шуд

© страница 201-й РВБ в Facebook201-я РВБ, архивное фото
201-я РВБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз ду сарбози русе, ки дар Бохтар аз захми корди сокини маҳаллӣ маҷрӯҳ гардида буд, аз бемористони 201 - уми пойгоҳи низомии Русия мураххас шуд ва низомии дигар ҳамоно табобат мегирад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон яке аз ду сарбози руси аз захми корд ҷароҳатбардошта, аз бемористон мураххас гардид, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон котиботи Пойгоҳи марказии низомии Русия мустақар дар Тоҷикистон.

Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот кушта шудани се марзбони тоҷикро дар тирпарронӣ тасдиқ кард

Ба иттилои манбаъ, табобати низомии дигар ҳамоно идома дорад.

Ёдрас мешавем, дар Бохтар ду сарбози пойгоҳи 201 - уми Русия мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса иттилоъ дода буд, ки  гумонбари ин ҳамла дар қайди деспансери касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад.

Дар Тоҷикистон таҳқиқи қазияи ҳамла ба ду низомии рус оғоз ёфт

Бар асоси иттилои муқаддамотӣ, ҷароҳатро низомиён дар вақти берун аз хидмат дар пайи аъмоли ғайриқонунии сокини маҳаллӣ бардоштаанд

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он ба ҳисоб рафта, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0