Худиҳоро намебинанд: фармони Раҳмон барои барҳамдиҳии мақомоти амниятӣ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармони нав барҳамдиҳии бахшҳои амниятиро дар дохили идораҳои давлатӣ идома дод

ДУШАНБЕ,  13 окт - Sputnik.  Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки охири моҳи сентябри соли равон имзо шуд, шуъбаи амнияти дохилӣ аз сохтори Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳур хориҷ карда шуд.  

Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Каримзода дар бораи мошину бӯстонсароҳои Раҷабзода ва мансабдорони дигар

Эмомалӣ Раҳмон пештар дар пайи интиқоди шадид аз фасодкориҳои гумрукчиён, аз ҷумла Шаҳбоз Раҷабзода, қарори барҳам додани Раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрукро имзо намуда буд.  

Яке аз далоили барҳамдиҳии шуъбаю раёсати амнияти дохилӣ дар ниҳодҳои давлатӣ камсамар будани фаъолияти онҳо арзёбӣ мешавад, ки фасодкориҳои дохили ниҳодашонро намебинанд.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар шарҳи барҳамдиҳии раёсати амнияти дохилӣ гуфт, камбудии ниҳод дар ҳамин аст, ки саривақт ҳолатҳои марбути Шаҳбоз Раҷабзодаро надидаанд ва бинобар ин раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ барҳам дода шуд.

Чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ?!: Раҳмон гумрукчии дурӯғгӯйро шарманда кард-Видео

Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе,  моҳи майи соли равон мавриди интиқоди шадиди раисиҷумҳур қарор гирифт, ки ҳамагӣ тайи камтар аз 2 соли фаъолият дар мақомоти гумрук, сарвати ҳангуфт ҷамъ оварда, баробари хонаю мошинҳои гаронарзиш сафарҳои зиёди хориҷӣ доштааст.

Лентаи хабарҳо
0