Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик аз хокбориш: зиёд сайругашт накунед

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду рӯзи оянда шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахтро хокбориш фаро мегирад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, 14-15 октябр дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон ва қисмати ҷануби навоҳии тобеи марказ ҳаво чанголуд мешавад.

Архары на дороге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб зану шавҳари лаҳистониро наҷот доданд

“Бинобар ин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар тӯли рӯз аз сайругашти дурудароз дар маҳалҳои наздики шоҳроҳҳои калони сернақлиёт худдорӣ намоянд. Ин, пеш аз ҳама, ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомиладор ва шахсони гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ дахл дорад”, - хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ афзуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Сотрудники МЧС Таджикистана на Учениях в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон
Иштирок ва қадрдонии кормандони КҲФ дар тамринҳои муштарак дар Қирғизистон

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 23+35 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0