Парламент Таджикистана. Архивное фото

Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ: Нафароне, ки даст ба шиканҷа мезананд аз озодӣ маҳрум мешаванд

747
(Таҷдидшуда 15:57 16.10.2019)
Парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Тибқи тағйиру иловаҳо нафароне, ки даст ба шиканҷа мезананд аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik.  Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии имрӯз лоихаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ ва қабул кард.

Дар ин бора  сомонаи расмии парлумони Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Зимни баромади хеш вазири адлияи Тоҷикистон Шоҳмуроди Рустам ва вакили мардумӣ Мавлуда Мирзозода иброз намуданд, ки лоихаи қонуни  мазкур бо мақсади иҷрои ухдадорихои байналмилалии Тоҷикистон дар самти хуқуқи инсон ҷихати пурзўр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он тахия гардида, бо истифода аз хуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход шудааст.

Вай таъкид намудааст, ки пештар нафаре, ки даст ба шиканҷа мезад ҷарима мешуд, аммо тибқи тағйироти ҷадид ба Кодекси ҷиноятии шакли ҷарима бекор шуд ва он ба ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол иваз карда мешавад.

Тибқи тағйироти ҷадид, мақомдороне, ки даст ба ҷиноят мезананд, баъд аз адои ҳукми додгоҳ аз 10 то 15 сол ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳоро надоранд. 

747
Барчаспҳо:
маҳрум аз озодӣ, маҳрум, шиканҷа, Кодекси ҷиноӣ, тағйирот, парлумон, Тоҷикистон
Горнолыжный спорт, архивное фото

Варзишгарони тоҷику ӯзбек ва қирғизу қазоқ дар Орловка мусобиқа мекунанд

6
(Таҷдидшуда 12:36 18.01.2021)
Тоҷикистонро дар мусобиқаи лижаронӣ Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.

Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд

Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

6
Барчаспҳо:
лижаронӣ, Қирғизистон, варзишгарони тоҷик
Душанбе площадь Дусти памятник Исмаилу Самани

Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

230
(Таҷдидшуда 12:14 18.01.2021)
Ҳафтаи навин дар вилоятҳои марказии Тоҷикистон рӯзҳои гарм ва офтобӣ хоҳад буд, дар ин миён сокинони Душанбе, вилояти Хатлон ва Суғдро бориши кӯтоҳмуддати борон интизор аст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар ҳафтаи нав сокинони Тоҷикистонро рӯзҳои гармӣ фотобӣ ва гоҳо боронӣ интизор аст.

Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ имрӯз дар Душанбе ҳавои бебориш ва офтобӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳарорати ҳаво шабона 0℃ гарм ва рӯзона  +18℃. мешавад. Фардо, 19 январ ҳавои пойтахт рӯзона +12℃ гарм ва шабона +1-3℃ гарм шуда, борони пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ чунин ҳаво ҳукмфармо мешавад, вале дар доманакӯҳҳо шабона ҳарорати ҳаво то -5℃, миёнаҳои ҳафта ин ҷо борони кӯтоҳмуддат ва бориши барф пешбинӣ мешавад.

Дар шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд рӯзона каме сардтар аз +8 то +10℃, шабона бошад аз 0 то +2℃ мешавад.

Дар умум дар вилояти Суғд ҳавои абрӣ пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво аз 3 то 8℃ хунук мешавад.

Рӯзи чоршанбе, 20 январ вазиши бод аз тарафи шарқ то 18 метр дар як сония мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз, бебориш мешавад, ҳарорати ҳаво шабона 15℃ сард ва +1℃ гарм мешавад. Рӯзи сешанбе, 19 январ бориши барф оғоз мешавад, ки то рӯзи чоршанбе давом мекунад. пройдет.

Дар ноҳияи Мурғоб шабона то 28℃ сардӣ, рӯзона наздики 18℃ хунукӣ, дар ноҳияи Булункул шабона сардтарин нуқтаи ҷумҳурӣ - аз - 43 то 45℃ сардӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ҷануби кишвар вилояти Хатлон рӯзҳои офтобӣ дар пеш аст. Ҳаво бебориш ва бод аз сӯи шарқ то  8 метр дар як сония мевазад. Ҳаррати ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона -2+3℃, рӯзона то +19℃ гарм мешавад.

Миёнаҳои ҳафта дар вилоят, шабона боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шуда, рӯзона бориш намешавад, вале меғ мефарояд.

230
Барчаспҳо:
зимистон, гармӣ, Боду ҳаво, боду ҳаво, Тоҷикистон