Ссора, архивное фото

Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар минтақа

89
(Таҷдидшуда 17:40 16.10.2019)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд зимни мулоқот бо сокинон аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карданд. Онҳои омили асоси ҷудошавии оилаҳои ҷавонро дар тайёр набудани онҳо ба оиладорӣ арзёбӣ карданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, омили асосии ҷудошавии оилаҳоро тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва нофаҳмӣ байни арӯси хонадону хушдоманҳо маҳсуб донист.

“Омили асосии ҷудошавии оилаҳо ин пеш аз ҳама тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва нофаҳмӣ байни арӯси хонадону хушдоманҳо маҳсуб мешавад. Бояд, ки дар ин замина ҳамкории аҳли ҷомеа, хосса фаъолони маҳалла бо оилаҳо қавитар карда шавад”, - таъкид намудааст Муяссара Қаҳорӣ.

Ин нуктаро Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқот бо сокинон, ки дар  кумитаи маҳаллаи "Навбаҳор"-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, матраҳ кардааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таваҷҷуҳи масъулин, вакилони халқ ва сохторҳои марбутаро ба иҷрои босифати барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии  ҷавонон ҷалб  намуд.

Раиси шаҳр аз амалҳои номатлуб байни ноболиғону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори  нигаронӣ  намуда, ба масъулин дастуру супориш дод, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

 

 

89
Барчаспҳо:
терроризм, шаҳр, мақомот, Хуҷанд