Милисаҳои Исфара баъд аз бохти бозии футбол ба дастаи рақиб оши палав пухтанд

© SputnikСотрудники МВД Исфары готовят плов победившей команде
Сотрудники МВД Исфары готовят плов победившей команде  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз анҷоми бозии футбол, кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Исфара барои дастаи ҳарифи худ ош пухтаанд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони ШВКД-2-и шаҳри Исфара ва дастаи ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ, дирӯз дар варзишгоҳи ҷамоати Чоркӯҳ доир шудааст.

Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик

Дар ин бозӣ дастаи ҷавонони Чоркӯҳ бар тими кормандони ШВКД -2 и  шаҳри Исфара ба ҳисоби 7 : 4 пирӯз шудаанд.  

Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ дар заминаи барномаи “Маъракаи иттилоотии ҷамъиятӣ”, дар асоси нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”,  бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” баргузор шудааст.  Барои роҳандозии ин тасмим ташкилоти байналмилалии “Saferword” ё “Дунёи бехатар” кӯмак намудааст.

Муталиб Шарипов, аз ҳамоҳангсозони ин барнома, ҳадаф аз баргузор намудани мусобиқаи футболро тақвият додани ҳамкории ҷомеа бо милитсия, таҳкими боварӣ ва аз байн бурдани тарсу нобоварӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва ҳам ташаккул додани институтҳои шаҳрвандӣ маънидод кардаат.

Солиҷон Парпиев, ҷонишини сардори ШВКД-2, гузаронидани ин гуна чорабиниҳоро  бо ҷалби ҷавонон ва иштироки  ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намудааст.

Насрулло Абдуллоев, футболбози дастаи ҷавонони Чоркӯҳ, гуфтааст, ки аз сӯҳбати сари дастархони ош бо кормандони милиса пай бурдааст, ки милисаҳо ҳам дар асл одамони оддиянд.

“Кормандони милитсия аз рӯйи тақозои вазифа одатан одамони хеле ҷиддӣ ва камгап ҳастанд, лекин мусобиқаи имрӯза баъзе стереотипҳои беасосро нисбат ба милитсия дар тафаккури ҷавонони деҳа шикаст. Мо акнун ба хубӣ дарк кардем, ки кормандони милитсия ҳам мисли дигар одамони муқаррарӣ метавонанд аз дастовардҳои худ хурсанд шаванду аз нокомӣ нороҳат. Бо онҳо метавон дар ҳама мавзӯъҳо бе ягон мушкилӣ суҳбат кард”, гуфтааст, Абдуллоев.

Дар поёни мусобиқа футболбозон бо медалҳои дараҷаҳои 1 ва 2, ифтихорномаву Ҷом қадршиносӣ карда шуданд. Баъд аз анҷоми бозӣ, кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Исфара барои футболбозон ош пухтаанд.

Лентаи хабарҳо
0