Город Душанбе, архивное фото

Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

108
Имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Амит "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва   рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона  18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9  ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо   суръати 0-5 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона  24+26  дараҷа гарм мешавад.

108
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҳаво, пешгӯӣ