"Фарзанди баномуси миллат": паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба Сомон Маҳмадбеков

© Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбековро барои пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ҳукумати ВМКБ, Файзов дар паёмаш Сомон Маҳмадбековро мояи ифтихор хондааст.

Пирӯзии ҷавонпаҳлавони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кулли мардуми вилоят муборак бошад, гуфтааст раиси вилоят.

Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд

"Варзишгари машуҳри тоҷик Сомон Маҳмадбеков- Қаҳрамони ҷаҳонии ҷудо байни ҷавонон шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад".

Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд

Сомон Маҳмадбеков дар Марокаш дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид. Ба хотири ин ҷаҳонпаҳлавон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ки барои ҳар як варзишкор лаҳзаи хеле муҳим ва хотирмон мебошад.

"Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин фарзанди ба номуси миллатро барои пирӯзияшон дар мусобиқаи байналмилалӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Амали ҷавонмардонаи Шумо барои тамоми ҷавони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд. Мо бо Шумо ифтихор дорем.
Пирузӣ муборак", - омадааст дар таманниёти раиси вилоят Ёдгор Файзов.

Ёдрас мешавем, ки Сомон 17 октябр дар қувваозмоӣ дар вазни 73 кило дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимниҳоӣ бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар даври ниҳоӣ бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор гардид.

Сомон Махмадбеков, Чемпион Европы по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми ҷаҳон барои Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябри имсол дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, дар вазни то 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро касб намуд.

Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гардид, дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0