Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и председателя ГД РФ Вячеслава Володина

Раиси думаи давлатии Русия дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуфт?

561
(Таҷдидшуда 10:51 19.10.2019)
Шоми 18 октябри соли равон раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ин аввалин сафари раиси Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон аст. Володин таъкид намудааст, ки аз сафараш ба Тоҷикистон хушҳол аст.

Вячеслав Володин, зимни мулоқоташ бо роҳбари Тоҷикистон гуфт, бо туфайҳи дӯстии Шумо ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар ҳоли рушд аст.

“Русия шарики асосии Тоҷикистон аст ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба рушди ҳамкориҳои мо тақвият мебахшад”, - таъкид кард Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар навбати худ, Вячеслав  Володин зикр кард, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон  ба Думаи давлаии Русия барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар такон дод. Мо ҳоло дар доираи ҳамкориҳои парлумонӣ бештар гуфтугӯву мулоқот мекунем.

“Ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар низ дар ҳоли рушд аст. Дар соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар наздик ба 25 дар сад рушд ёфтааст”, - гуфт раиси Думаи давлатии Русия.

Вячеслав Володин ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масаълаи муборизаи муштарак ба таҳдидҳо дар минтақаро баррасӣ намуданд. Ба гуфтаи Володин баррасии ин масъала дар Душанбе муҳим аст, чунки ин кишвар бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва метавон дар доираи ҷаласаҳои парламентии кишварҳои узви СПАД масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кард.

Вай эҳтимол донист, ки дар соли оянда ҷаласаи парлумонии кишварҳои узви СПАД дар Тоҷикистон баргузор гардад.

Дар моҳи ноябри соли равон дар ҷаласаи парлумонии кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Ереван масъалаи гузаронидани ҷаласаи навбатӣ дар Душанберо баррасӣ хоҳем кард, гуфт Володин.

Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон раиси Думаи давлатии Русия боз ба ҷумҳурӣ даъват кард.

“Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон бо дастгирии роҳбари ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкорӣ дар бахши гуманетарӣ миёни Русияву Тоҷикистон иқдомҳои зиёде анҷом додааст, ба хусус дар заминаи лоиаҳо дар бахши маориф, аз ҷумла дар самти забони русӣ. Муҳим он аст, ки дар Сарқонуни Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Интизорем, ки лоиҳаи сохтмони панҷ мактаб русӣ дар солҳои наздик ба анҷом мерасад”, - қайд кард Володин.

Зуҳуров ва Володин тасмим гирифтанд ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд

Ёдрас мешавем, ки Шоми 18 октябри соли равон раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Сафари расмии раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин имрӯз, 19 октябр, дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

561
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, сафар, Думаи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Тоҷикистон