Оқибатҳои сели азим дар Панҷакент

Офатҳои табиӣ ба вилояти Суғд зиёда аз 14 миллион сомонӣ хисорот овардааст

463
(Таҷдидшуда 15:41 19.10.2019)
Дар вилояти Суғд дар давоми нуҳ моҳи соли равон 577 ҳодисаи гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 557 ҳодисаи гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки хисороти онҳо ба хоҷагии халқ ва иқтисодиёти вилоят зиёда аз 14 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра дар ҳудуди вилоят 9 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба амал омадааст.

“Аз ҷумла, 5 апрели соли ҷорӣ сел дар ноҳияи Деваштич ба маблағи 174 ҳазору 560 сомонӣ зарар расонд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз офатҳои табиат 7 сокини вилоят ба ҳалокат расид!, таъкид доштааст манбаъ.

Тавре манбаъ зикр намудааст, наҷотдиҳандагони кумита ва раёсати он дар вилоят давоми нуҳ моҳи соли равон дар 78 амалиёти наҷот, кофтуков, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода иштирок намуданд.

463
Барчаспҳо:
ҳолати фавқулода, фавқулода, миллион, сомонӣ, хисорот, офати табиӣ, Суғд