Душанбе, акс аз бойгонӣ

Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

118
(Таҷдидшуда 09:03 21.10.2019)
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо  гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 ва рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду  барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона  17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10  ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона  23+25  дараҷа гарм мешавад.

118