Тоҷикистон аз афзоиши гардишгарони хориҷӣ ба кишвар эълон кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТуристы фотографируются на смотровой площадке
Туристы фотографируются на смотровой площадке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши сафари шаҳрвандон ва гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар таи 9 моҳи соли равон хабар дод

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, дар ин муддат ҳудуди 1 миллион нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ин кишвар сафар карданд, ки 600 ҳазор нафар аз ин теъдод шаҳрвандони узбакистонӣ буданд, ки 63 аз даҳ чаҳор  дарсад аз теъдоди кулли шаҳрвандони хориҷии ворид шуда ба Тоҷикистонро ташкил мекунад.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ монеаҳои рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистонро эълон кард

Шаҳрвандони Русия ҳам дар мақоми дуввум қарор гирифт, ки 160 ҳазор нафар аз онон таи ин муддат ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

70 ҳазор қирғиз низ таи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин муддат 15 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Афғонистон, Чин ва Қирғизистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Аз сӯи дигар 800 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷие, ки таи 9 моҳи соли равон вориди Тоҷикистон шудаанд ҳадаф аз сафари хеш ба ин кишварро анҷоми умуроти шахсӣ эълом кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон аз вуруди ҳудуди 1 миллион гардишгари хориҷӣ таи 9 моҳи соли равон ба ин кишвар хабар додааст.

 

Лентаи хабарҳо
0