Раҳмон гуфт, дар давраи кадом раҳбар мардум дар парастиши Худо озод буд

© NakibMurodovРаисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. 22. 10.2019
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. 22. 10.2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Симпозиуми байналмилалии илмии "Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз" дар бораи шинохти Куруши Кабир, шахсият ва низому усули давлатдории ӯ нақл кард

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, таърих ганҷинаи маънавии инсоният буда, дар он тамоми рӯйдоду воқеаҳои хурду бузург, бурду бохти давлатдориҳо ва сиёсатмадорону давлатмардон сабт мегарданд ва бо мурури замон воситаи худшиносии халқу миллатҳо мешаванд.

Бо ишора ба Симпозиуми байналмилалии илмии "Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз", ки имрӯз дар Душанбе ҷараён дорад, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, тибқи нақшаи кории он илова ба арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои пешин, ҳамчунин, саҳифаҳои норавшани марбут ба шинохти Куруши Кабир, шахсият ва низому усули давлатдории ӯ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ба гуфти Раҳмон дар воқеъ, Куруш яке аз чеҳраҳои барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон ба шумор меравад.

"Ӯ аввалин шоҳаншоҳ дар таърихи башарият аст, ки ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Гегел ба оламиён усули мутамаддини давлатдориро эҳдо кардааст ва ҳамчун бунёдгузори пояҳои нахустин низоми ҳуқуқу озодиҳо эътироф шудааст. Махсусан, Эъломияи Куруш, ки дар он ба ҳамаи инсонҳо ва қавму миллатҳо эҳтироми баробар гузошта мешавад, барои тамаддуни башар бозёфти беназир мебошад", - гуфт Президент.

Раисиҷумҳур мутмаин аст, ки риояи ин унсури муттаҳидкунанда дар раванди давлатдорӣ имкон медиҳад, ки сулҳу субот пойдор бошад ва инсон ҳамчун узви ҷомеа қадр ва арҷгузорӣ гардад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар бораи шоҳони одил гуфт ва номи қадимии тоҷиконро ифшо кард

Ба вуҷуд овардани ин андешаи иҷтимоиву таърихӣ ба Куруш имкон дод, ки давлатдории худро устувору пойдор созад ва мардуми қаламрави паҳноварашро дар осоишу рифоҳ нигоҳ дорад.

Раҳмон аз Эъломияи Куруш, ки бо номи “Устувонаи Куруш” машҳур аст, мисол оварда гуфт дар он ишора меравад, ки “Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам ва фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд”.

Раҳмон аз осори Берунӣ мисол оварду қадимӣ будани ҷашни Меҳргонро исбот кард

Дар ин росто раисиҷумҳур таъкид кард, ки ин таъкиди башардӯстонаи Куруш барои ҳифзи амну субот дар ҳамон давра муҳим буд ва имрӯз ҳам рукни бунёдии оромиву осоиш ба шумор меравад.

Ӯ афзуд, дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят мураккаб ва печида мебошад, ин суханони Куруш аҳаммияти боз ҳам бештар касб карда, мо – аҳли башарро даъват менамоянд, ки ба хотири сулҳу оромӣ талоши бештар кунем, ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳоро таъмин созем, аз ғасбу куштор, зулм ва хушунату зӯроварӣ даст кашем, ақидаҳои нажодпарастонаро маҳкум намоем ва роҳҳои мусолиматомези ҳалли низоъҳоро пайдо карда, дар оромиву осоиш умр ба сар барем.

Раҳмон аз "Тоҷикон" мисол оварду номи қадимии Файзободро гуфт

Раҳмон ин принсипҳоро дорои арзиши басо зиёд ва омили бақои башарият гуфт.

"Аз ҳамин дидгоҳ, Куруш давлати бузурги шоҳаншоҳиеро ба вуҷуд овард, ки эҳтироми қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳо пояи онро ташкил мекард. Ӯ ба озодии ақидаҳои динии қавму миллатҳои мухталиф эҳтиром гузошт ва барояшон имконоти баробарро муҳайё намуд", - гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон рисолати дигари таърихии Курушро дар он мебинад, ки ӯ қавмҳои сершумори ориёиро бо ҳам наздику ошно сохт ва ба рушди фарҳангу андешаву афкори онҳо замина фароҳам овард.

Симпозиуми байналмилалии илмии "Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз" имрӯз, 22 октябр, дар Китобхонаи миллӣ ҷараён дорад.

Дар кори ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи кишвар ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ ширкат мекунанд.

Пас аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, профессор Масъуди Миршоҳӣ — раиси Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Фаронса, Мария Дрожжина — мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия, Ромин Фарҳангӣ — раиси Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ”- и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳуммер Абрамиён — раиси фарҳангистони “Куруши Бузург”-и Австралия, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсария, Бобур Ҳамидов аз Узбакистон ва шоир Масъуди Сипанд сухан гуфтанд.

Лентаи хабарҳо
0