Военнослужащие запаса заправляют свои кровати в казарме, архивное фото

Облава давом дорад: Вазорати дифоъ гуфт маъракаи даъват ҳамагӣ 65 дарсад иҷро шудааст

133
(Таҷдидшуда 11:03 24.10.2019)
Вазорати дифои тоҷикистон таъкид доштааст, ки то имрӯз маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад ва ҳоло нақшаи даъват беш аз 65 дарсад иҷро шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон, имрӯзҳо маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 65 дарсад иҷро шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар давоми давоми 20 рӯзи даъвати тирамоҳӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, маъракаро дар ҳаҷми 110 дарсад иҷро кардааст.

Имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, бо мақсади ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудан ариза пешниҳод менамоянд.

“Дар ин давра комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи маъракаи даъват гузориш доданд. Дар умум то имрӯз дар вилояти Суғд маъракаи  даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қариб 75 дарсад иҷро гардидааст”, —таъкид доштанд масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр намудааст, ки маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 50 дарсад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 60 дарсад ва дар минтақаи Рашт 100 дарсад  иҷро гардидааст.

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати аскарӣ дар шаҳри Душанбе низ идома дорад, дар 4 ноҳияи пойтахт иҷрои он ба 75 дарсад расидааст.

133
Барчаспҳо:
нақша, маърака, даъват, Вазорати дифои Тоҷикистон, вазорати дифоъ, Тоҷикистон