Заключенные в исправительной колонии, архивное фото

Пешниҳоди Раҳмон қабул шуд: Парлумони Тоҷикистон қонуни афвро тасдиқ кард

875
(Таҷдидшуда 13:02 25.10.2019)
Субҳи имрӯз Парлумони Тоҷикистон қонуни афвро, ки аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз Парлумони кишвар Қонун дар бора афвро  тасдиқ кард. Тибқи қонуни мазкур беш аз 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон афв хоҳанд шуд.

Масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ иброз дошт, ки Қонуни  Тоҷикистон "Дар бораи афв" бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он меъёрҳои нави батанзимдароварандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии  ҷиноятӣ озод намудани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ гардидааст.

Ба гуфтаи вай, Қонуни мазкур аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин оид ба афв фарқ карда, тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони ҷиноятсодирнамуда татбиқ карда мешавад.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонун аз 22 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 6-и он ба танзими ҳуқуқи масъалаҳо оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон бахшида шудааст.

"Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо татбиқи моддаҳои мазкур тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандаҳо, 3 ҳазору 100 нафар маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ва 3 ҳазор нафар маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо доранд, аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд", — афзуд Юсуф Раҳмон.

Инчунин, Додситони кулли Тоҷикистон, зиёда аз 4 ҳазору 500 нафар маҳкумшудагоне, ки нисбаташон ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда татбиқ шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ба иттилои мавсуф, ҳамин тариқ, тахминан 11 ҳазору 200 нафар шахсони дар боло зикршуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки тибқи лоиҳаи Қонун аз 300 нафар заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳии занона адои ҷазо доранд, 165 нафар ва аз 75 нафар ноболиғоне, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ адои ҷазо доранд, 58 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Юсуф Раҳмон бо шарҳи пурраи моддаҳои лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи афв" дар ҳузури вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки мардони аз синни 55 боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

“Дар маҷмӯъ, — гуфт Юсуф Раҳмон, аз рӯи маълумоти пешакӣ муҳлати ҷазои адо нагардидаи зиёда аз 8 ҳазору 800 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад”.

Оид ба масъалаи мазкур вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.

Ёдрас мешавем, ки  16 октябри соли, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв”-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.

Дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.

Қарор аст, тибқи Қонуни мазкур беш аз 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон афв шавад.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки аъзои Шӯро инчунин лоиҳаи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дигар масъалаҳоро баррасӣ ва оид ба мазӯъҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

875
Барчаспҳо:
Парлумон, тасдиқ, афв, қонун, Тоҷикистон