Сотрудник МЧС России во время разгрузки машин с гуманитарной помощью, архивное фото

Кумаки башарӣ: Тоҷикистон ба маблағи 43 миллион доллар орд ва дигар маҳсулот дарёфт кард

388
(Таҷдидшуда 16:16 25.10.2019)
Тоҷикистон аз 51 кишвари дунё дар нӯҳ моҳи ахири соли равон, 43 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт намудааст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба Тоҷикистон 51 кишвари дунё дар ҳаҷми 43 миллион доллар кумаки башардӯстона расонидааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба 141, 5 ҳазор тонна баробар аст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба сифати кумаки гуманитарӣ орд, равғани растанӣ, доруворӣ ва ғайраро  дарёфт намудаст.

Тоҷикистон тайи 7 моҳи соли ҷорӣ аз 47 кишвари дунё кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст

Кишвари нисбатан бузургтарини кумакрасон ба Тоҷикистон Русия дониста шудааст. Кумаки ироакардаи Русия ба Тоҷикистон 29,4 фисадро ташкил медиҳад.

Дар  мақоми баъдии кишвари хайрирасон Чин  бо 25,7 дарсадӣ карор дорад. Мақоми Фаронса  дар раддабандии кишвархои ёрирасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон саввум буда ҳаҷми кумаки ироакардаи ин кишвар ба 9,3 фисад баробар  аст.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Гузашта аз ин саҳми Ҳиндустон низ кумакрасонӣ ба Тоҷикистон назаррас буда, ба андозаи 5 дарсадӣ кумакҳои башардӯстонаро ирсол намудааст.

388
Барчаспҳо:
кумаки башардӯстона, Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассиси касбӣ меҷӯяд, аммо маош 868 сомонӣ

5
(Таҷдидшуда 17:40 28.05.2020)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмуни кушода эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мансабҳои холӣ дар шаҳри  дар Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумуҳрӣ озмун элон намудааст.

Масъулини кумитаи таъкид намудааснд, ки маоши вазифавии мутахассисоне, ки ба кор ҷалб карда мешаванд аз 868 то 1400 сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ зикр намудааст, ки дар дастгоҳи марказӣ ба ҳафт мутахассис, дар вилояти Хатлон ба 6 мутахассис, Суғд  ба 5 нафар, дар ВМКБ ба 2 нафар ва дар Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 3 нафар дар Душанбе ба 2 нафар мутахассиси ҳирфаӣ, ки тариқи озмун интихоб мешаванд ниёз дорад. Дар маҷмӯъ ин Кумита ба  25 мутахассис ниёз дорад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки нафароне, ки барои мансаби сардори Шуъба даъво хоҳанд кард, бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ, чаҳор соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ бошанд.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис, таҳсилоти олии касбӣ, ду сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ лозим будааст.

Аммо барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис таҳсилоти олии касбӣ,  ва як соли собиқаи умумии меҳнатӣ.

Рӯйхати пурраи вазифаҳои холӣ дар сомонаи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шудааст.

5
Барчаспҳо:
маош, мутахассисон, озмун, мансаб, Кумитаи ҷавонон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Маҳмадраҳим Соҳибов

30
(Таҷдидшуда 19:27 28.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкор Маҳмадраҳим Соҳибов ҷиҳати бунёди Маркази ташхиси тиббии "Дурахш" дар шаҳри Бохтар изҳори сипос намудааст

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази ташхиси тиббии "Дурахш" ба баҳрабардорӣ расонида, ба соҳибкор Соҳибов изҳори миннатдорӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, иншооти соҳаи тандурустӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бунёд шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, маркази ташхиси тиббӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлол аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадраҳим Соҳибов бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, ки Маркази ташхиси тиббӣ дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахасисони маҳҳалӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд.

Дар ошёнаи якуми маркази ташхиси тиббӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки истифодаи самарабашх аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ расонида шавад.

Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд.

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Дар маркази ташхиси тиббии навбунёд ҳуҷраи модару кӯдак, ҳуҷраи хатна, утоқи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

30
Барчаспҳо:
изҳори миннатдорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Бохтар
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон